Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе аз нав ба фаъолият шуруъ намуд

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

1271744_538910332845824_69087131_o

Дуюми октябри соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора ба кор дароварда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин корхонаи дар гузашта бузургтарини сементбарории Тоҷикистон бар асари норасойии гази табиӣ аз кор бозмонда буд.

Ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода карда мешавад. Хушбахтона, захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо мерасад.

Ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт ин технологияи нав каммасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеҷ гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, навбати дуюми Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз ду моҳи дигар ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.

Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёвӣ эмин мемонад. Аз ин хотир, дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи дубораи ин корхона изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки навбати дуюми корхона ҳам ҳар чӣ зудтар ба кор дароварда шавад. Таъкид гардид, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба як миллион тонна расонда шавад.

www.president.tj