Корномаҳои азими Пешвои миллат наслҳоро мактаби бузурги номусу ибрат аст

№149 (4099) 12.12.2019

«Агар амалҳои шумо одамони дигарро ба орзуҳои бузург, аз бар кардани дониши бештар, зиёд кор кардану беҳтар шудан ҳидоят намоянд, пас шумо пешво ҳастед.»

(Ҷон Адамс, дуюмин Президенти ИМА)

«Суол надиҳед, ки Ватан бароятон чӣ корҳо карда метавонад, аз худ пурсед, ки шумо барои Ватан чӣ корҳо карда метавонед.»

(Ҷон Фитсҷералд Кеннеди, сивупанҷумин Президенти ИМА)

ПЕШВО 6_kИн гуфтаҳои сиёсатмадорони шинохта бечуну чаро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давраҳои мушкил, замоне ки миллати тоҷикро хатари ба нестӣ рафтан таҳдид мекард, бо амри тақдир ва инояти Офаридгор 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии давлати навбунёди Тоҷикистонро бар дӯш гирифт, рост меояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҷавони ватандӯст, боғайрату қавиирода, бо ҷасорату мардонагии ғайримуқаррарӣ масъулияти сангину дар он вақт хатарнокро ба уҳда гирифта, ваъда доданд, ки ба Ватан сулҳ меоранд ва гурезаҳоро бармегардонанд. Дар ҳақиқат, қариб миллион нафар гуреза баргардонида шуда, ҳазорҳо хонаи сӯхтаю валангор барқарор шуданд. Ҳарчанд масъулияти роҳбарии давлат ба бисёрӣ пешниҳод гардид, аммо аз тарсу ҳарос ба уҳда нагирифтанд. Пешвои миллат ба хотири сулҳу субот, тинҷию оромии мардум ва ҳифзи якпорчагии ҷумҳурӣ барои гуфтушунид бо мухолифин ба минтақаҳои хатарнок рафтанд. Минбаъд тавассути хизматҳои фидокорона, ҷоннисории зиёд баҳри наҷоти миллату давлат камари ҳиммат баста, барои таҳкими ҳокимият шароит муҳайё сохта, Ватанро аз тақсимшавӣ, ки мароми гурӯҳҳои бадтинати дохилӣ ва аҷнабӣ буд, наҷот бахшиданд ва низоми давлатдории муосирро барқарор намуданд.

Яке аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ он аст, ки баҳри таъмини мардум бо маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 75 ҳазор гектар заминро ба деҳқонон тақсим кард, ки бо номи «заминҳои президентӣ» машҳуранд. Қариб ҳар як оилаи деҳот дар заминҳои ҷудошуда кишти ғалладона, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда, хӯроки чорво низ ҷамъ меоранд. Ҳама фасли сол дар гармхонаҳо истеҳсоли помидор, бодиринг, пиёз ва ғайраро ба роҳ монда, талаботи оила ва бозори истеъмолиро қонеъ мегардонанд.

зорПешвои миллат дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ се вазифаи муҳими стратегӣ — амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикиро вогузор карданд. Бо дастгириву роҳнамоии Сарвари давлат ҳадафҳои номбурда пурра иҷро гардида, ҳоло ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат мавриди амал қарор дорад, ки ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти миллӣ аҳамияти хеле калон дошта, ба таъсиси ҷойҳои нави кор, ғанигардонии бозори истеъмолӣ, пастравии нарху наво, истифодаи самароноки қувваи кор ва ҳал намудани масоили иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Тибқи гуфтаҳои Пешвои миллат, саноатикунонии босуръати мамлакат дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ мубаддал мегардонад.

Бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат ба хотири фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, техникаву технологияи нав, ташкили ҷойҳои нави кор, пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, солҳои 2008 — 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» ва соли ҷорӣ минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил шуданд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар онҳо ба маблағи 145 миллион сомонӣ ё 0,7 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Аз рӯзи ташкилшавиашон бошад, ба маблағи зиёда аз 650 миллион сомонӣ молу маҳсулот тавлид ва зиёда аз ҳазор нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо саҳму талоши Пешвои миллат НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2» сохта, ба истифода дода шуданд. Пешвои миллат бо фидокорӣ ва ҷоннисории ватандӯстона сохтмони неругоҳи азим ва дар ҷаҳон беназири барқии «Роғун» — ро, ки монанди афсона буд, ба ҳақиқат табдил доданд. Ду чархаи НБО «Роғун» ба кор андохта шуд, ки аллакай беш аз 700 млн. квт. соат неруи барқ истеҳсол кард.

Пешвои миллат ҳар кореро ният карданд, ҳатман ба анҷом мерасонанд. Неругоҳи «Норак» — ро ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сохтанд, НБО «Роғун» бошад, маҳсули заҳмати Ҳукумати Тоҷикистон ва сокинони кишвар аст. Агар мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, НБО «Роғун» — ро ба номашон гузоранд, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебуд.

Барои фаъолияти самараноки НБО «Роғун» дастгоҳи муосири тақсимкунандаи элегазӣ, яъне зеристгоҳи барқӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи 500 — киловолта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ («Роғун — Душанбе») ба маблағи қариб 750 миллион сомонӣ ва 220 — киловолтаи «Айнӣ — Рӯдакӣ» ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони CASA — 1000 фаъолона иштирок дорад.

Бо заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат нақб ва роҳҳои байналмилалӣ (бовари кас намеомад, ки қудрати сохт­монашонро дорем) бунёд гардиданд. Роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат — Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе -Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент ва Восеъ — Ховалинг, Кӯлоб — Дарвоз (қитъаи Шӯрообод — Шоҳон) ва роҳҳои Сайрон — Қарамиқ, Хуҷанд — Исфара, Ховалинг — Балҷувон — Кангурт ба маблағи миллионҳо сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Восеъ — Темурмалик — Кангурт идома дорад. Бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Чормағзак» ва «Шар-Шар» рафтуомади нақлиёт дар ҳама фасли сол ба минтақаҳои кишвар таъмин гардид. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 2100 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ, 190 километр роҳи оҳан ва беш аз 30 километр нақби мошингузар ба истифода дода шуданд. Соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расид.

Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин шуданд.

Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ (қисми зиёди онҳо дар деҳоту маҳаллаҳои кишвар) бунёд мешаванд. Соли 2018 дар кишвар 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо беш аз 73000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин амалҳои созанда идома дорад.

Пешвои миллат ба таълиму тарбияи насли ҷавон диққати махсус медиҳанд. Ин аст, ки барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ҳар сол маблағи зиёде равона мегардад. Бахусус, бо ҳамин мақсад фонди «Дурахшандагон» ташкил шуда, таҳсили донишҷӯёну илмомӯзони кишварро дар хориҷа дастгирӣ менамояд. Ҳоло қариб 50 ҳазор нафар донишҷӯю унвонҷӯ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Банда низ аз дастгириҳои Президенти мамлакат баҳравар гаштаам. Бинобар ин, ба хотири омода намудани кадрҳои ҷавон, аз ҷумла дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, табиатшиносӣ ва иқтисодиёту идоракунӣ, дастгирии истеъдодҳои наврас, ки аксаран аз оилаҳои имкони молиявиашон маҳдуд ҳастанд, пешниҳод менамоям, ки донишгоҳе ба номи Пешвои миллат таъсис ёбад ва кормандонаш ба тариқи озмуни рақобатноку шаффоф, қабул гардида, роҳбараш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Бо супориши Пешвои миллат, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин замина баландбардории сатҳу сифати зиндагии мардум «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Ҷиҳати вусъат бахшидани рушди маҳалҳо, инкишофи инфрасохтори деҳот, соҳибкории хурд, ривоҷу равнақи ҳунарҳои халқӣ ва сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъморон сохтмони хонаҳои чандқабатаро омӯхтанд ва намуди зоҳирии бинову иншоотро бо рангҳои гуногун, меъмории дилчасп оро доданд, ки ин навҷӯию ороиши иншоот дар Осиёи Марказӣ беназир будаву қобили омӯзиш аст. Ҳангоми оғози корҳои созандагӣ, сохтмони иншооту инфрасохтор Пешвои миллат барои ибрати наслҳо дасту остин бар зада, ба кор оғози нек мебахшанд ва таъкид менамоянд, ки бетараф набошем, Ватанро якҷо ободу шукуфон созем.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат заминаи асосии ҳуқуқии ҳифз, эҳё ва инкишофи иҷтимоию фарҳангии анъанаҳои миллиро таъмин намуда, дар ин бобат рӯзҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Суруди миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳ ва ба дараҷаи баланди сиёсиву фарҳангӣ, ҳамчун иди умумихалқӣ таҷлил мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдро ба анҷом расониданд ва ин амали ватандӯстона идома дорад. Рӯ овардан ба хештаншиносию ифтихори миллӣ, таъсиси ҷашну бузургдошти алломаҳои гузашта, эҳё ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, мақоми давлатӣ гирифтани забони ноби тоҷикӣ ҳама маҳз аз сиришти некбинонаю тамаддунпарваронаи Пешвои миллат сарчашма гирифтааст.

Ба Пешвои миллат муяссар гардид, ки хотироти таърихии миллат, номи шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ба мисли Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургонро эҳё ва барқарор намоянд. Ба хотири нишони эҳтироми абадии мардуми Тоҷикистон, барои хизматҳои шоён ба ходимони намоёни давлатӣ ва илму фарҳанг Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон доданд.

Зери сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ «Соли тамаддуни ориёӣ» ҷашн гирифта шуда, аз тарафи ЮНЕСКО 2700 — солагии «Авасто» эътироф гардид. Инчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат ба хотири ташаккули маданияти маънавии мардум «Қуръон» — и маҷид бо теъдоди зиёд бо шарҳу тафсир ба забони тоҷикӣ тарҷумаю нашр ва дастраси хонандагон гардид.

Ҳисси хеле баланди ватандӯстонаи Пешвои миллат буд, ки суннатҳои волои миллӣ, арзишҳои фарҳангие, ки тӯли асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд.

Дар натиҷаи азму талошҳои Пешвои миллат бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тасмим гирифт, ки соли 2020 ҷашни 5500 — солагии яке аз ёдгориҳои бостонии мамлакат — шаҳри қадимаи Саразмро доир намояд. Ин имкон медиҳад, ки маданияти аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшударо ба оламиён шоиста муаррифӣ созем.

Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардида, мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод шуданд.

Бояд қайд намуд, ки асарҳои илмиву таҳқиқотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани худшиносиву худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дорои нақши пурарзиши илмӣ мебошанд. Асарҳои безаволу гаронбаҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг-ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Дар бораи дин», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва ғайра ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуданд.

Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об шинохта шуда, тасдиқаш он аст, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028» якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви СММ қабул кард. Он ҷараёни баррасии миёнамуҳлати даҳсоларо ба танзим дароварда, баргузории ду чорабинии муҳими ҷаҳонӣ: Конфронси СММ доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028» аз 22 то 24 марти 2023 ва ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обро дар моҳи марти соли 2021 ба нақша гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7 -уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид.

Ёдовар шудан лозим аст, ки қаблан, соли 2003 бо ташаббуси Пешвои миллат Соли оби тоза ва инчунин Маҷмаи умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» эълон гардида, дар чаҳорчӯби он Маҷмаи умумии СММ ташаббуси дигари Пешвои миллатро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул намуд. Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи Академияи Шӯрои Аврупо ба Ҷоизаи «Пешвои асри XXI» сарфароз гардонида шуд ва нуфузу эътибори байналмилалиашон боиси сарбаландию ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Бинобар ин, шароити ҳозираи дунё огоҳ мекунад, ки бе ягон дудилагӣ ва бетарафӣ дар гирди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, абармарду чеҳраи бузурги сиёсат на танҳо дар гуфтор, балки дар кирдор, пиндор, рафтор ва бо амалҳои нек содиқона муттаҳид бошем. Месазад баён дошт, ки ҳеҷ кас чун Пешвои миллат Тоҷикистонро дӯстдору ғамхор нест. Суханону кору пайкори Пешвои маҳбуб — ватандӯсти асил муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон раҳнамои наслҳо буда, ҳамаро ба сӯи комёбиҳои нав ба нав ҳидоят менамоянд.

Албатта, бузургӣ ва олиҳимматии абармарди бузург, чеҳраи намоёни сиёсат чун Эмомалӣ Раҳмонро, ки фаъолияти ҳаррӯзаашон корнамоист, дар чанд сатр баён кардан имкон надорад. Оянда аз рӯи он муҳаққиқону коршиносон асарҳои зиёд таълиф хоҳанд кард, ки ин шахсияти таърихӣ бо ҳама хираду фазилати ватандорӣ Тоҷикистонро аз вартаи фалокат наҷот бахшида, наслҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои баланд ҳидоят менамоянд.

Тавре академик В. М. Бехтерев баён доштаанд, «орзуву омоли халқро амалӣ накарда, Доҳии халқ наметавон шуд». Дар ҳақиқат, Пешвои муътабари миллат, Доҳии халқи тоҷик аст, ки корномаҳои бузургро идома дода истодаанд ва Тоҷикистони азиз ба шарофати Пешвои миллат рӯз то рӯз ободу шукуфон гашта, фидокориҳояшон барои ҳама насл мактаби азими номусу ибрат аст.

Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисодии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон