Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» рӯз то рӯз обод мегардад

№105 (3585) 09.08.2016

28769096636_babb9c84b7_oШашуми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид намуд.

Нахуст Сарвари давлат ­Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намуд­ҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд.

Дар мактаби мазкур, ки 70 нафар кӯдаку наврас ба таълими варзиши зимистона фаро гирифта шудаанд, аз имконияти васеи машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши зимистона ҳамаҷониба бархӯрдоранд. Бо мақсади рушду равнақ додани варзиши лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби соҳибкорон мактаби дуошёна бо 60 ҷойи нишаст бунёд шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои обод кардани ин гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди варзиши лижаронӣ изҳори сипос намуда, ба масъулини соҳа барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мувофиқи ҷалби сайёҳони хориҷӣ дастуру супоришҳо дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи чорошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ шинос шуда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Меҳмонхона бо мебели замонавӣ, хатти интернет, оби гарм, системаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин аст. Меҳмонхонаи маҷмааи варзишӣ аз 54 ҳуҷра иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафар мизоҷро қабул намояд.

Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.

Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири асосӣ бароварда, як қатор корҳои сохтмонӣ дар он ба итмом расонида шуданд.

Дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди лоиҳаи наву муосири муҷтамеи хизматрасонии Маҷмааи лижаронии «Сафед-Дара» — ро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум гардид, дар он ҷо шурӯъ аз таваққуфгоҳ барои 200 мошин, бозору дӯконҳои фурӯши молу маҳсулоти гуногун, атраксионҳои кӯдакона, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол, корти теннис, инчунин ду бинои боҳашамати иҷораи сару либоси варзишии хоси лижаронӣ, чойхонаи миллӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мегардад.

Айни ҳол аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати «Доппелмаер»-и Австрия сохтмони роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ оғоз гардида, воридшавии техника ва технологияи зарурӣ идома дорад. Дарозии роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ 2 ҳазору 27 метрро ташкил дода, иқтидори ниҳоии он дар маҷмӯъ дар ду самт дар як соат 5600 нафарро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишию истироҳатии зимистона бо истифода аз тамоми имконот то моҳи декабри соли ҷорӣ бо сифати баланди ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расад.

Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Ҷамъияти дорои масъу­лияти маҳдуди «Сафед-Дара» ба нақша гирифтаанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону нав­расон дар фасли тобистон лагери тобистона низ ташкил намоянд.

Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.

Бояд гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғат, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардидааст. Имрӯзу ояндаи ин соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ дорои аҳамияти бузург ва дурнамои дурахшон мебошад. Натиҷаи талошу дастгириҳои Сарвари давлат ­Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз, дар як муддати кӯтоҳ, Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфтааст.