Машварати корӣ

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

11222436_873244749412379_406923145763998712_oНимаи дуюми рӯзи 30 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуд.

Аз рӯи ин масъала нахуст ахбороти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар минтақаҳои аз офат зарардида дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳо муташаккилона идома дошта, кумакҳои яквақтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин маводи ниёзи аввал пурра ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд.

Барои барқарор кардани роҳи харобгашта дар ноҳияи Шуғнон роҳсозон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда истодаанд. Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман  хароб гардидааст, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Вобаста ба иҷрои корҳо инчунин ахбороти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Ахмедов шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи масъулини Ҳукумати мамлакат, аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро барои иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳо ҷалб намуда, баҳри ҳар чӣ зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, чӯбу тахта ва дару тиреза супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин вазорату идораҳо ва мақомоти дигари дахлдор  вазифадор гардиданд, ки барои бунёди бинои нави мактаб, бунгоҳи тиббӣ, таъмини хонандагон бо асбобу анҷоми таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, барқарор намудани шиносномаҳои шаҳрвандон ва шинонидани ниҳол ва ободониву кабудизоркунии маҳалҳои шаҳраки навбунёд дар ноҳияи Шуғнон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

 www.president.tj