Мубодилаи номаҳои шодбошӣ

№52 (4472) 28.04.2022

 27 апрели соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.

 Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дип­ломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея лутфан бипазиред.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд. Ҷониби Тоҷикистон хоҳони вусъати тоза бахшидан ба ин раванд буда, омода аст, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ҳар ду ҷониб дар ҳама соҳаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии ҳар ду давлат минбаъд ҳам кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад. Бовар дорам, ки идомаи анъанаҳои неки муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун ва татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои дар ин роҳ қаблан бадастомада аз ин баъд низ натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.

Бо истифода аз фурсати фараҳманд ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати 30 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Шумо, ҷаноби Президент ва халқи тоҷик, саломи дӯстонаамро мерасонам.

Баъди барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар санаи 27 апрели соли 1992 робитаҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи инсонӣ ва дигар соҳаҳо мунтазам рушд ёфта истодаанд. Барои ман махсусан хурсандиовар аст, ки ба туфайли ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта барои тақвияти муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар заминаи мусоид муҳайё гардидааст.

Умед дорам, ки ба шарофати 30 — солагии муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногун тавсеа ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни мардумамон дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ боз ҳам амиқтар мешаванд.

Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии комилу некуаҳволӣ ва рушди беканори кишваратонро орзумандам».

www.president.tj