Мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода

№126 (3427) 21.09.2015

Ҳаждаҳуми сентябри соли 2015 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода баъди мулоқот бо фаъолони шаҳр анҷом ёфт.

авлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода, роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода, бинои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии             № 119 — ро ифтитоҳ намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва «Боғи Сомон» боздид ба амал овард.

Ҳангоми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон ва хонандагону омӯзгорон оид ба татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва корҳои ободонию созандагӣ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуда, бо шароити кору зиндагӣ ва таҳсили наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.

Сипас, дар маркази шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинон, ки барои мулоқот ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин шаҳри саноатию аграрӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат ва таассуроти хеш аз сафари корӣ андешаронӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми шаҳри Турсунзодаро аз баракати сулҳу суботи устувор, ваҳдати миллӣ, сиёсати ояндадори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии халқ аз он маънидод кард.

Сарвари давлат ба сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ, ки нишонаи возеҳи ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат аст, изҳори сипос намуд.

Оид ба пешрафту тараққиёти шаҳри Турсунзода давоми даҳ соли охир андешаронӣ карда, Президенти мамлакат изҳор дошт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ободиву пешрафти шаҳр зиёда аз 800 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо равона гардидааст.

Аз соли 2004 то имрӯз дар шаҳри Турсунзода панҷ лоиҳаи муштараки сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он се лоиҳааш ба маблағи 180 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015 — 2019» татбиқи 173 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳр бо маблағи умумии 545 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

- Дар барномаи мазкур афзалияти бештар ба иқтидори соҳаҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр дода шудааст, зеро 106 лоиҳа ба маблағи 499 миллион сомонӣ ё 92 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинигардида ба бахшҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр рост меояд, — изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Турсунзода амалӣ шуда истодаанд, барои рушди минбаъдаи шаҳр ва инкишофи ифрасохтори он, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ инчунин оид ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, амалисозии чораҳои зиддибуҳронӣ, таъсири падидаҳои номатлуби ҷомеа ба тарбияи ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаббуси соҳибкорони ватанӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба корҳои созандагӣ, ифтихор аз ватандорӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, риояи қонуну қарорҳо ва дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ даъват намуд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Мунира Эгамова — момодояи беморхонаи марказӣ, Шаҳзоди Сунатулло — коргардони Театри халқии шаҳри Турсунзода, Гулнора Каримова — директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳоти «Навобод» суханронӣ карда, дар баробари пешниҳоду таклифҳо ба Сарвари давлат барои тамоми ташаббусҳои созанда, дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа ва таъмини шароити беҳтарин барои кору зиндагӣ ва таҳсил изҳори сипос намуданд.

www.president.tj