Мулоқот бо тоҷикони муқими минтақаҳои Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Россия

№93 (3394) 11.07.2015

19540856605_30ef102217_oБегоҳии рӯзи 8 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Россия мулоқот намуд.

Дар мулоқот бо Сарвари давлат беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи неки ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии неруҳои тахрибкори ба ном исломӣ ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи худ бо Владимир Путин иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат бо Президенти Федератсияи Россия мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар буд. Аз ҷумла мужда расонида шуд, ки шумораи квотаҳои Россия барои донишҷӯёни тоҷик пас аз ин мулоқот афзун хоҳад гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷиноятҳои ваҳшатноки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: «Ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ин гурӯҳ бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолон ва занону кӯдакон беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷой кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст».

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид гардид: «… ифротгаройӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надорад, зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва оини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз фирефта шудану гумроҳ гардидани ҷавонони тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз доми тазвири тарғибгарони маккори ДИИШ фаъол бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар як падару модар ва бародарону хоҳарон бояд аз рафтору кирдор ва ҳолатҳои рӯҳию равонии наздикону пайвандон, ҳамсабақон ва ҳамкасбону ҳамкорони худ бохабар бошанд ва монеи гумроҳшавии нафарони ноогоҳ шаванд.

Бо қаноат зикр гардид, ки имрӯз дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Россия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва шумораи чунин иттиҳодияҳо ҳоло ба зиёда аз 80  расидааст. Изҳори бовар карда шуд, ки тоҷикони муқими Россия тарғибгарони фаъоли арзишҳои волои таъриху фарҳанги бостонӣ ва ибратбахши миллати сарфарози тоҷик гардида, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни кишвари беканори Россия саҳми намоёну пурарзиш мегузоранд.

Пас аз анҷоми суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия маҳфили озоду самимии пурсишу посух доир гардид.

www.president.tj