Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгули Бердимуҳаммадов

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

IMG_5314 - копияНимаи дуюми рӯзи 20 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ вориди шаҳри Ашқобод — пойтахти Туркманистон шуд.

Барои иштирок дар тантанаҳои идона ва ҳам мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ба Туркманистон ҳамчунин сарони давлатҳо ва ё намояндагони воломақом аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзи оламафрӯз ташриф оварданд.

Пас аз чанд лаҳзаи ворид шудан ба Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгули Бердимуҳаммадовро ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманистон табрик гуфта, ба сатҳи омодагӣ ва пазиройии кишвари мизбон баҳои баланд дод.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин маҷмуи васеи масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

-Ҳамкорӣ бо Туркманистон дар сиёсати хориҷии минтақавии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад, — изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, ки тайи 2-3 соли оянда бояд амалӣ гардад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ номида шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло лоиҳаи боз 17 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ҳоли омӯзиш ва мувофиқасозӣ қарор дорад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.prezident.tj