Мулоқот ва кумаки моддӣ дар арафаи соли нави мелодӣ

№1 (3481) 01.01.2016

1496388_949166231820230_3793661065276996977_o29 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» бо хонандагони ятим ва маъюби нуҳ мактаб — интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб — интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот намуда, дар арафаи соли нави мелодӣ ба онҳо кумаки моддӣ расонд.

Нахуст, пеш аз оғози чорабинӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» намоишгоҳи китоби бачагона, мусаввараҳо ва дигар ҳунарҳои тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимиро тамошо кард.

Хонандагони хушсалиқа дар ин ҷо беҳтарин маҳсули дастони пурҳунари худро намоиш доданд.

Президенти мамлакат ба ҳунари кӯдакон ва завқи баланди эҷодиашон баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳар чӣ бештари касбу ҳунарҳо ва аз худ кардани илмҳои муосир ҳидоят намуд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори калони Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» ворид шуда, ба беш аз 300 нафар ятим ва маъюб кумаки моддӣ расонд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ ба беш аз 12000 нафар ятим, бепарастор ва кӯдакони маъюби ҳамаи мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ аз Фонди захиравии Сарвари давлат кумакҳои моддӣ расонда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳли толор ва мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оину амалҳои неки мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз волотарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон аст.

Президенти мамлакат таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯйӣ менамояд.

Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат буд, ки рушди муассисаҳои мазкур таъмин гардид ва тавре маълум аст, алҳол дар кишварамон 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб — интернат, аз ҷумла 22 мактаб — интернат барои кӯдакони ятим фаъолият менамояд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои шумо ва ҳамсолонатон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, шуморо бо маводи хониш, сарулибос ва дигар шароити зарурӣ таъмин менамояд.

Дар охир Сарвари давлат бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид кард, ки шумо ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра нахоҳед монд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои кишвар ба роҳбари ғамхору хирадманд ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва ғамхориашон нисбат ба ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ибрози хушҳолӣ карданд, ки дар чунин як кишвари зебо умр ба сар бурда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша мавриди ғамхорию дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дар ҳамин ҷо пас аз мулоқоти гарму самимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби хонандагони Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ», Мактаб — интернати мусиқии махсуси ба номи Миратулло Атоев ва Ансамбли рақсии кӯдаконаи «Лаъл» барномаи рангини консертӣ пешкаш карда шуд, ки писанди ҳозирин гардид.

www.president.tj