Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Лилия Бурунчук ва Йоҳаннес Линн

№151 (3631) 10.12.2016

30637231864_feb4846f27_oҲафтуми декабри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки саҳми институтҳои молиявӣ дар самти рушди иқтисоди миллӣ назаррас буда, истифодаи таҷрибаи онҳо барои пешрафти иқтисодӣ судовар мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушд ва дӯстони мардуми Тоҷикис­тон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии Буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ нақши муассир мегузоранд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар хусуси тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллию баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» -ро дар бар мегирад, табодули афкор намуданд.

www.president.tj