Мулоқоти Пешвои миллат бо ҳайати вакилони Парламенти Аврупо

№25 (4445) 24.02.2022

22 феврали соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Дэвид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ҷонибҳо, баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни рушду тавсеа ва сатҳи кунунии муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, саҳми парламентҳоро дар рушду тавсеаи муносибот муҳим арзёбӣ карда, аз саҳми назарраси Комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо дар раванди тақвияти ҳамкории дарозмуддат ёдовар шуданд.

Сарвари давлат дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар давраи авҷи пандемия қадрдонӣ карданд.

Инчунин, масъалаҳои умдаи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи амният низ баррасӣ гардида, оид ба истифодаи имконоти васеи ҳамкории судманд дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ табодули андеша сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои татбиқи «Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» низ аҳамияти хосса зоҳир карданд. Ҳамчунин, вазъияти ҳозираи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ ҳам аз ҷумлаи мавзӯъҳои суҳбат буда, ҷонибҳо идомаи шарикии тарафайнро дар чорчӯбаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурданд.

www.president.tj