Понздаҳуми июни соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоро, ки ба вазифаи роҳбарӣ дар муассисаҳои таҳсилотҳои олии кишвар, соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти корҳои дохиливу Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадқул Каримов ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидамир Ҷононов ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ғаниев ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ғоиб Давлатов Директори Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Нуробод, шуъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва сардори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои диду тафаккури муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
www.prezident.tj