10 январи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат неруи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо масъулину мутахассисони Тоҷикистону Хитой, ки ба таври муштарак ба сохтмону таҷҳизи Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машғуланд, истиқбол гирифтанд.
Тавре иттилоъ доданд, барои сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти ин корхонаи азим кор ба таври шабонарӯзӣ ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма навбати якуми Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дод. Иқтидори истеҳсолии навбати аввали Марказ баробар ба 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат неруи барқ аст. Ин иқтидор дар шароити камчинии неруи барқ кӯмаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқии кишвар мебошад.
Афзалияти аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин Марказ мебошад. Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти навтарини поксозии чангу дуд васл гардидааст.
Гузашта аз ин, дар ин Марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ, он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ гузаронида шавад.
Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иқтидори Марказ ба 100 мегаватт/соат неруи барқ хоҳад расид, бояд то моҳи апрели соли 2014, яъне 6 моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ ба кор дароварда шавад.
Аз зимистони соли оянда сар карда, Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе беш аз 40 фоиз биноҳои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармӣ низ таъмин хоҳад кард.
Барои сохтмону таҷҳизи пурраи ин Марказ харҷи беш аз 178 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Хитой дар назар аст.
Тибқи нақшаҳои дурнамоӣ, оянда иқтидори ин Марказ шояд то 400 мегаватт/соат неруи барқ афзун гардад.
Тавре иттилоъ доданд, дар сохтмони ин Марказ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Наздики 300 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пас аз пурра ба кор даромадани Марказ дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар аввали кор наздики 100 нафари он мутахассисони хитоӣ хоҳанд буд, ки ҳамзамон ба омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ машғул хоҳанд шуд. То имрӯз аллакай 60 нафар дар курсҳои 75-рӯзаи ҳунаромӯзӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Халқии Хитой омӯзонда шудаанд. Дигар кадрҳои маҳаллӣ дар худи Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону мутахассисони хитоию маҳаллӣ омӯзонда хоҳанд шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози кори навбати аввали Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт, ки ин корхона бояд дар таъмини пойтахт ҳам бо неруи барқ ва ҳам бо гармию оби гарм саҳми намоён дошта бошад.
www.president.tj