Номаи тасаллият

№99 (4682) 07.08.2023

Стандарти Садои мардум ГурчистонШашуми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили номаи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷиабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии худ­ро ба шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

www.president.tj