Россия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст

№93 (3394) 11.07.2015

19526862471_6d2d45b594_oҲаштуми июли соли 2015 дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Владимир Путин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Россия, гардиши мол миёни ду кишвар 2,5 фоиз афзун гардид.

Сарвари Федератсияи Россия ҳамчунин ба ҷараёни раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла ба машқҳои муштараке, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардид, баҳои баланд дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ чунин изҳор дошт: «Барои Тоҷикистон муносибот бо Федератсияи Россия афзалияти хосу устувор дорад ва ин ҳолат дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвари мо таҳкими ҳуқуқӣ ёфтааст».

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи хос ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Россия дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муқовимат ба муборизаҳои иттилоотӣ бояд ҳамгироии устувору муттасил дошта бошанд.

Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расонидани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон пурра иҷро мешаванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ ба Федератсияи Россия ёдовар шуда, аз ҷумла чунин тазаккур дод: «Россия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст, зеро қариб 50 фоиз сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба кишвари шумо рост меояд». Дар баробари ин, таъкид гардид, ки «ин нишондоди мусбӣ бояд на танҳо нигоҳ дошта шавад, балки афзун гардад».

Мавзӯи муҳими дигари суҳбат баррасии мушкилоти вобаста ба фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Россия буд. Аз иҷозати дубораи воридшавӣ ба Россия гирифтани як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан донишҷӯёни тоҷик, изҳори қаноат карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад.

Дар робита ба ин мавзӯъ ба авфи муҳоҷирони корие, ки ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, қонунигардонии будубоши онҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шумурда мешаванд ва содагардонии тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия ва дароз кардани муҳлати бақайдгирии донишҷӯёни тоҷик пас аз воридшавӣ ба ҳудуди ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба густариши ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай ва мавзӯъҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

www.president.tj