Cафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак

№103 (3088) 16.08.2013

1115943_516175638452627_1980007598_o

13 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносойии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигар ба шаҳри Норак сафар кард.

Тайи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак» ва як зумра иншооти муҳим ифтитоҳ ёфта, сохтмони чанд иншооти дигар оғоз меёбад. Ҳамчунин бо фаъолони шаҳр ва мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир хоҳад шуд.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, ин бино бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якумаш маркази савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ҷойгир шудааст. Соҳибкори бунёдгузори ин бино Абдурраҳим Назаров азм дорад, ки ин қисмати биноро ба соҳибкорони хурду миёна дар давоми як соли аввал ба таври ройгон ба иҷора диҳад, то ки онҳо оғози кори худро бе мушкилӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин қисмати бино зиёда аз 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ҳашт хонаи се ва чорҳуҷрагии истиқоматӣ омода аст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

 

Шиносойӣ бо нишондодҳои рушди намоёни шаҳри Норак

Дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 нафар хонанда дар як баст оғоз бахшид.

Ин мактаб аз 22 синфхонаи ба таври муосир муҷаҳҳаз, аз ҷумла ҳафт синфхонаи дарсҳои озмоишӣ, толору утоқҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, толорҳои маҷлисию варзишӣ ва майдони варзишӣ иборат хоҳад буд. Тавре иттилоъ доданд, ҳамин рӯзҳо дар шаҳри Норак сохтмони боз як мактаб оғоз меёбад. Барои ҳар ду мактаб, ки дар маҷмуъ барои беш аз 2500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаанд, ҷудо намудани наздики 70 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар маркази шаҳри Норак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродалӣ Ятимов бунёд ёфтааст. Танҳо дар ду ошёнаи омодагаштаи ин бино беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ошёнаи якуми бино барои маркази савдо ва хизматрасониҳои дигар пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ омода гардидааст, ки дар он 23 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаҳои болоии бино, ки ба наздикӣ омода хоҳанд шуд, меҳмонхона, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шуда, дар онҳо қариб 30 нафари дигар соҳиби кор мегарданд.

Дар паҳлуи ин бино бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозори нави шаҳри Норак ифтитоҳ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 ҷойи корӣ мебошад. Ин бозори зебою мураттаб аз ҷониби бародарони соҳибкор Назаровҳо бо харҷи қариб 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он фурӯшгоҳҳои маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, либосворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, супермаркет, меҳмонхона ва коргоҳҳои дӯзандагию заргарӣ ҷойгир карда мешаванд.

Коргоҳи дӯзандагии он аллакай омода буда, дорои 50 ҷойи корӣ аст. Дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни мардонаю занона, кӯдакона, корӣ, мактабӣ, либосвории арӯсӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Бунёдгузорони бозор бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то охири сол дар ҳамин коргоҳ боз 50 ҷойи кории дигар бунёд намоянд.

Коргоҳи заргариаш, ки филиали корхонаи заргарии шаҳри Кӯлоб хоҳад буд, бо 50 ҷойи корӣ то охири соли равон бояд омода шавад. То он вақт шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар ин бозори замонавӣ ба 400 хоҳад расид.

Меҳмонхонаи он бо 21 ҳуҷра дорои 42 кати хоб ва шароити хуби замонавӣ хоҳад буд.

Зимни шиносойӣ бо корхонаи хусусии «Тоҷикгидромонтаж» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.

Ин корхонаи дар гузашта барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» бунёд ёфта, дорои таърихи пурифтихор аст. Бо вуҷуди ин, корхона дар солҳои 90 — уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қариб аз кор бозмонда, ба ҳолати ногувор рӯ ба рӯ омада буд. Вале пас аз хусусӣ шудан он умри дубора пайдо намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғул шуд.

Ҳоло танҳо дар коргоҳҳои коркарди метал беш аз 30 нафар кафшергарони моҳир ва дигар мутахассисони баландпоя бо истеҳсоли конструксияҳои гуногуни оҳанию пӯлодӣ барои неругоҳҳои барқӣ, дигар иншооти гидротехникӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо ва дигар иншоот машғуланд.

Ғайр аз ин, корхона вобаста ба шароити замони муосир ба истеҳсоли дигар маҳсулоти бозоргузар низ машғул аст. Аз ҷумла  дар коргоҳи дӯзандагии он бо ҷалби 20 нафар занону духтарони хонашин дӯхти либосвории гуногун, пеш аз ҳама либосҳои корӣ барои бинокорон ва коргарони дигари худи корхонаи «Тоҷикгидромонтаж» ба роҳ монда шудааст. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона уҳдадор шуд, ки дар давоми панҷ моҳи оянда боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 40 ҷойи корӣ омода намоянд.

 

Корхонаи таҷрибавӣ-механикии Норак умри дубора пайдо намудааст

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кори ба замони муосир мутобиқгардидаи корхонаи дигари машҳур, ки дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва дигар неругоҳҳои обии Тоҷикистон саҳми намоён гузоштааст, яъне корхонаи таҷрибавӣ — механикӣ аз наздик шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхонаи тамоман аз фаъолият бозмонда соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, умри дубора пайдо намудааст.

Аз соли 2006 ба ин сӯй дар ин корхона вобаста ба ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва талаби фармоишгарон аз 80 то 150 нафар машғули кор мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо 115 нафар коргарону мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар коргоҳҳои гуногуни ин корхона ҳоло 25 намуд масолеҳи сохтмонии аз метал ва сим омодашаванда, аз қабили сеткаҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои металлӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мегардад.

Роҳбарияти корхона мутахассисони қаблии ин корхонаро сарфи назар аз синну соли нафақавиашон бо маоши калон ба кор ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ мутахассисони хуби ҷавонро омода карда, кори рақобатпазири муассисаро ба роҳ мондаанд.

Дар натиҷа, корхона қарзҳои пешинаро пурра пардохт намуда, аз нав фоидаовар шуд. Аз ҳисоби даромади корхона ҳоло дастгоҳҳои технологияи   навтарин ворид шуда, коргоҳҳои нави истеҳсолӣ омода мегарданд.

Як дастгоҳи муосири оҳанбурӣ, ки бо неруи барқ кор мекунад, бо камтарин масраф метавонад оҳани ғафсиаш то 10 сантиметраро осон бурида, аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла бо ороиши зебо омода намояд.

Коргоҳи нави истеҳсоли электрод, коргоҳи тавлиди гази оксиген ва гази азот бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташон дар бозори дохилӣ харидорони бешумор доранд.

Дар коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз сим ва тунукаи оҳанин фаъолияти ибратбахшу фоидаовар ба роҳ монда шудааст. Масолеҳи сохтмонии тунукагӣ, ки асосан борои пӯшондани бому болопӯшҳои биною иншооти гуногун истифода мешавад, аз ҷумла, ба истилоҳ, металочерепитса дар ин корхона бо сифати баланду эътимодбахш истеҳсол мегардад.

Яке аз корҳои ибратбахши дар ин корхона роҳандозишуда ҷамъоварии скутерҳои барқӣ аст, ки бе сарфи сӯзишворӣ бо неруи барқи аккумулятор ҳаракат мекунад. Суръати аз ҳама зиёди ин скутерҳо 60 км/соат буда, бо як қуввагирии аккумулятор то 60 км мегардад. Аккумулятори он мисли телефонҳои ҳамроҳ дар шароити оддии хонагӣ аз хатҳои барқ қувва мегирад. Нархаш ҳам ҳамагӣ аз 3 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ аст, ки барои аксари табақаҳои аҳолии Тоҷикистон дастрас аст.

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Норак бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхонаи «Бофанда»-и шаҳри Норак бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудааш дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.

1119930_516173548452836_2054932619_o

Кӯмак ба ятимон ва иштирок дар хатнасур ва тӯйи арӯсии дастаҷамъона    

Дар маркази шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасоне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ҳамин тариқ, нахуст 16 нафар кӯдакону наврасон, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, аз кӯмакҳои моддии Сарвари давлат бархӯрдор гардиданд.

Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон ба 150 нафар писарчаҳо аз оилаҳои ниёзманд, ки хатнасурашон дастаҷамъона ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, кӯмаки моддӣ расонда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ёрии башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба даҳ ҷуфти навхонадорон, ки тӯйи арӯсиашон имрӯз дастаҷамъона ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, дастрас гардид.

 

Мулоқот бо фаъолони шаҳри Норак 

13 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳанги шаҳри Норак бо роҳбарият ва фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Зимни мулоқот дастовардҳои шаҳри Норак дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои таъмини рушди босуботу босуръати минбаъдаи ин шаҳри ҷавон, вале бисёр машҳуру овозадор ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар  охир Сарвари давлат Эмомалӣ           Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори аҳли толор ҷавоб гуфт. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳи оянда бо ҷалби маблағҳои зарурӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 18 километр роҳҳои дохилии шаҳри Норак навсозӣ хоҳанд шуд.

 

Ифтитоҳи маркази нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ дар Неругоҳи барқи обии «Норак»

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Норак» ташриф оварда, бо корҳои навсозии он аз наздик шинос шуд.

Нахуст бо иштироки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ аз давлатҳои Италия, Фаронса, Олмон ва Швейтсария бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Тавре аён гардид, ин дастгоҳи пуриқтидор дар дохили як бинои масоҳаташ ҳамагӣ чор садяк ҷойгир шудааст. Зеристгоҳи қаблии 220- киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак», ки зиёда аз 40 сол боз хизмат мекард, дар майдони қариб се гектар ҷойгир буд.

Дар паҳлуи ин маркази нави муосир бун-ёди боз як бино идома дорад, ки дар он дастгоҳи нави 500 — киловолтаи тақсимоти барқи Неругоҳи барқи обии «Норак», ки низ аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ ба мисли ALSTON омода мегардад, ҷойгир хоҳад шуд. Дар натиҷа, зеристгоҳи ҳозираи 500-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак», ки майдони қариб панҷ гектарро ишғол намудааст, дар дохили як бинои хурд ҷойгир карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки ин дастгоҳҳои 220 ва 500-киловолтаи тақсимоти барқ аз технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ буда, дар қаламрави пасошӯравӣ Тоҷикистон дуюмин кишвар аст, ки воридот ва истифодаи онро ба роҳ мондааст. Пеш аз Тоҷикистон танҳо Россия аз чунин технология баҳравар гардидааст.

Ин дастгоҳҳо афзалиятҳои хеле зиёд доранд. Истифодаи соддаю бехатар, дарозумрӣ ва каммасрафӣ аз афзалиятҳои асосии ин  дастгоҳҳо аст. Тавре зикр гардид, ин дастгоҳҳо бе тармими куллӣ 30 сол хизмат хоҳанд кард ва хароҷоти тармиму навсозӣ бамаротиб кам мешавад.

Дастгоҳи 220-киловолтаи тақсимоти барқи Неругоҳи барқи обии «Норак» бо харҷи 25 миллион евро, ки 7 миллионаш  грант ва 18 миллионаш қарзи имтиёзноки дарозмуддати Олмон аст, бунёду омода гардид.

Дастгоҳи 500-киловолтаи тақсимоти барқи Неругоҳи барқи обии «Норак» бошад, бо харҷи 67 миллион доллари амрикоӣ, ки 55 миллионаш гранти Бонки Осиёии Рушд ва зиёда аз 12 миллионаш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, омода мегардад.

Мутахассисони ҷавони муҳандисию техникии Тоҷикистон, ки ин ва дигар дастгоҳҳои муосири Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро идора мекунанд, дар кишварҳои Олмон, Фаронса, Италия ва Швейтсария таҳсили илм намуда, нозукиҳои ин касбу ҳунарро хуб аз худ кардаанд.

Зимни шиносойӣ бо кори толори идораи мутамаркази Неругоҳи барқи обии «Норак» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ибратбахши муҳандисзанони соҳиби тахассуси олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Тавре зикр гардид, аз 20 нафар кормандони ин маркази идоравӣ даҳ нафарашон занону духтаронанд, ки ҳама соҳибтахассус мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти навсозии чархаҳои барқзои неругоҳ аз наздик шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз чархҳои кории ду чархаи ин неругоҳ иваз карда шуда, сеюмаш ба ин ҷо дастрас гардидааст ва баҳори соли оянда васл хоҳад шуд. Як дарбанд ва ё дарвозаи курашакли обӣ, ки дар тамоми ҷаҳон нодир аст, низ мавриди навсозӣ қарор дорад. Чунонки иттилоъ доданд, чунин дарвозаи обӣ танҳо дар Тоҷикистон ва аз ин хурдтараш дар Ҳиндустон мавҷуд аст.

Бо қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки бо навсозии куллии ҳамаи чархаҳои неругоҳ иқтидори лоиҳавии он, ки бо мурури замон ва хӯрдашавии таҷҳизот аз 3000 то 2700 мегаватт коҳиш ёфтааст, на танҳо барқарор мегардад, балки 200 мегаватти дигар илова мешавад. Яъне, пас аз чанд соли дигар иқтидори Неругоҳи барқи обии «Норак» аз 2700 мегаватти ҳозира ба 3200 мегаватт расонда мешавад.

 www.president.tj