Сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон

№122 (3916) 09.10.2018

45122672662_4ef2a0a65a_o8 октябри соли 2018 дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковиндро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт.

8 октябри соли 2018 баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба кишвар хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки ташрифи онҳо ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ҳар ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди байни кишварҳо, ки мунтазам инкишоф меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зикр шуд, ки заминаи меъёрии ҳуқуқии равобити Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз 60 санади муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ иборат аст.

Барои татбиқи самарабахши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳкими муколамаи сиёсии ҷонибҳо, робитаҳои байнипарлумонӣ ва барои густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фаъолтар кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ва захираҳои бузурги неъматҳои моддии Тоҷикис­тон ҷалби сармоя ва технологияи муосири Ҳиндустон ба кишвар ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо муассисаҳои саноатии Ҳиндустон барои ҳар ду ҷониб муҳиму манфиатбахш маънидод гардид.

- Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан, дар бахши коркарди металлу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин, ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем, — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Тоҷикистон беш аз дусад чашмаи оби маъданӣ ва ҳаждаҳ кӯли муолиҷавӣ ва зиёда аз се ҳазору панҷсад навъи гиёҳи шифобахш мавҷуд аст, ки имкониятҳои зиёдро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб, туризми табобатӣ, таъсиси марказҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ, бемористонҳои муштарак ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ фароҳам меоранд.

Дар самти рушди робитаҳои башариву фарҳангӣ ва илмӣ иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон барои ҷудо намудани стипендияҳои таълимӣ ва омӯзишӣ аз тариқи Барномаи ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин, Шӯрои робитаҳои фарҳангии Ҳиндустон, таъкид гардид.

Ҳар ду кишвар дар соҳаи амният ва мудофиа ҳамкории босамар доранд ва ҷонибҳо ба фаъолияти Гурӯҳи тахассусии байни мақомоти мудофиавӣ баҳои баланд доданд. Бунёди госпитали дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар вилояти Хатлон ва омода кардани кадрҳо, ифодагари воқеии ҳамкориҳо мебошад.

Ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар доираи Гурӯҳи муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ муҳиму саривақтӣ шумурданд.

Таъмини сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии таъмини амнияти Осиёи Марказиву Ҷанубӣ арзёбӣ гардид.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар ҳошияи созмонҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории доманадор доранд ва ҳамёрии давлатҳо дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикис­тон ва Ҳиндустон  хоҳад шуд.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул ва санадҳои зерин имзо шуданд:

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба тадқиқоти соҳаи кишоварзӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Муасссисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Шӯрои Марказии тадқиқотӣ дар соҳаи тибби юнани Ташкилоти мустақили назди Вазорати аюши Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи Тибби Юнанӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;

- Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндус­тон барои солҳои 2019-2023;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивеканандаи Ҳиндустон.

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ сарони давлатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковинд оид ба натиҷаҳои мулоқот барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

www.president.tj