Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

№83 (3877) 07.07.2018

29360959878_50695aab1d_oШашуми июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар доираи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона аснои муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Қазоқис­тонро ба муносибати 20-умин солгарди ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахт ва ифтитоҳи «Маркази байналмилалии молиявии Остона» табрик гуфта, ба давлат ва халқи кишвари дӯст шукуфоию пешрафт орзу намуданд.

Ташкили «Маркази байналмилалии молиявии Остона» қадами муҳим барои таҳияи механизмҳои пешрафтаи таъмини молиявии рушди минтақавӣ мебошад. Таъсиси он барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар ояндаи наздик марказ метавонад ҳамчун инфрасохтори муҳиму воқеии молиявӣ барои рушду пешрафти кишварҳои минтақа саҳми муносиб гузорад.

www.president.tj