Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

(Идома аз шумораи гузашта)

Оғози фаъолияти Боғчаи кӯдаконаи «Ситора»

 

DSC_7945 - копия22 апрели соли 2016 дар паҳлуи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 16 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард.

Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар он 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Аз ин ҷумла 6 нафар мураббӣ мебошанд, ки ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин, табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кӯдакон ҷалб гашта, 10 ҳуҷра, аз ҷумла толори таълимӣ, варзишиву мусиқӣ, як ҳуҷраи тиббӣ, ошхона ва майдонча барои бозии кӯдакон ба фаъо­лият шурӯъ кард.

Кӯдакистон дар заминаи бинои қаблии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо гузаронидани таъмиру тармим аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов азнавсозӣ ва дар тӯли се моҳ ба боғчаи кӯдакона мутобиқ гардонда, бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Барои болидарӯҳии хурдсолон Сарвари давлат ба ин боғча асбобҳои мусиқӣ ва телевизори калонҳаҷм туҳфа кард.

Мавриди зикр аст, ки дар боғча кӯдакон аз оилаҳои коргар, серфарзанд ва модарони бемор қабул ва ба таълим фаро гирифта мешаванд. Кӯдакон дар баробари таълиму тарбия, ҳамзамон дар се вақт бо хӯроки гарму хуштамъ дар ошхонаи ин муассиса, ки ба таври замонавӣ сохта шудааст, таъмин мегарданд.

Боғчаи кӯдакона дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012 — 2016 бунёд гардидааст. То ба имрӯз дар ноҳияи Ёвон ҳафт муассисаи томактабӣ фаъолият мекард.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хуб барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли наврас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон аз хурдсолӣ бояд муассисаҳои замонавии томактабӣ таъсис дода шаванд.

Ба ивази ин дастгириҳои Сарвари давлат ва таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи маориф кормандони боғчаи «Ситора» ва волидони кӯдакон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

 Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал»

26481967052_96b6d43167_oДар ноҳияи Ёвон, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маҳсулоти нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.

Барои сохтмони ин ду корхона аз ҳисоби сармояи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» 150 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб мебошад. Соҳибкор уҳдадор шуд, ки корхонаҳоро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот то соли 2018 бунёд намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» — ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

«Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассису коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) — ро ташкил медиҳад. Сохтмони корхона бо гузош­тани санги асос аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли 2014 оғоз гардида буд.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми ибратбахш – бунёди корхонаи истеҳсолию саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов изҳори миннатдорӣ ва барору комёбӣ орзу намуд. Танҳо аз ҷониби ин соҳибкори ҷавону ботаҷриба дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз як миллион тонна ва бо садҳо ҷойи нави корӣ бунёд шудааст. Сохтмони якчанд корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар ноҳияҳои дигар таҳти роҳбарии ӯ идома дорад. Сементи корхонаи «Ғаюр Суғд семент» ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва маҳсулоти корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад.

Аз 130 миллион сомонии маблағи бун­ёди корхона 35 фоизаш саҳми соҳибкори ватанӣ, боқимонда — 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.

Дар ҳамин ҷо ба хотири мукаммал кардани хатти истеҳсолӣ боз дигар қисмҳои зарурӣ дар худи коргоҳ бароварда мешавад, аз ҷумла дар як сехи махсус бо ҳафт дастгоҳ профилҳои гуногун истеҳсол мегардад, ки дар вақти истифода дар корҳои сохтмонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи варақаҳои гаҷӣ мебошад. Қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд.

Инчунин, дар корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» як ташхисгоҳи хеле мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил шудааст. Коргарони он имкон доранд, ки на танҳо масолеҳи худӣ, балки маҳсулоти дигар корхонаҳои ҷумҳуриро таҳлилу ташхис карда, дар бораи сифати маҳсулот хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар сол то сол шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда афзоиш меёбад. Бунёди корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ҳамкории босамари Ҳукумат бо бахши хусусӣ амалӣ гардид.

Баъди ифтитоҳи корхонаи мазкур Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаҳои саноатӣ ва фаъолони ноҳия суҳбати самимӣ доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ифтитоҳи корхонаро ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ёвон муборакбод гуфта, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ибратбахш арзёбӣ кард.

www.president.tj