Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

№53 (3533) 23.04.2016

22 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба но­ҳия­и Ёвони вилояти Хатлон сафар кард.

Дар ибтидо Сарвари давлат ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳаи Даҳанаи  деҳоти «Даҳана» оғоз бахшид. Ин муассисаи замонавии таълимӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов бо 640 ҷойи нишаст дар як баст ва харҷи 17 миллион сомонӣ сохта шудааст. Муассисаи таълимии мазкур аз 27 синфхона, ҳафт утоқи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст ва ошхона иборат мебошад. Барои машғулиятҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар назди муассиса майдони варзишии замонавӣ бо 730 ҷойи нишаст сохта шудааст. Сифнхонаҳо бо таҷҳизоти навтарини таълимӣ таъмин буда, дар онҳо имконияти сатҳи баланди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва барои духтарон шароити созгори касбу ҳунаромӯзӣ фароҳам аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълимгоҳ бевосита шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоти зарурии машғулиятҳои амалию назариявии муассиса баҳои баланд дод.

Сарвари давлат бо истеъдоди истифодаи технологияҳои компютерӣ аз ҷониби хонандагон, санъати навозандагию сарояндагии онҳо ва ҳунаромӯзию варзишии толибилмон шинос шуда, онҳоро барои боз ҳам бештар аз худ кардани илму дониши замонавӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва такмили маҳорати варзишӣ ҳидоят кард.

Эмомалӣ Раҳмон амали неки соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахоновро намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Ин соҳибкори ватандӯст нақша дорад, ки оянда аз ҳисоби даромади корхонаҳои худ дар ноҳия боз як муассисаи таълимии наву замонавӣ бунёд намояд.

Сипас, дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳли маорифи ноҳия суханронӣ  карда,  таъмини рушди босуботи соҳаи маорифро аз тадбирҳои муҳиму меҳварии сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзёбӣ кард.

(Матни суханронӣ ва идомаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шумораи навбатии рӯзнома ба таври муфассал чоп мешавад).

 www.president.tj