Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

№41 (3835) 03.04.2018

40420032034_fa869aa117_o30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи «амури сафед»-ро барои афзоиш сар доданд.

Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил медиҳад. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳа дар он ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳии навъи «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва «карп» имконият фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи меъёри ягона барои 100 килограмм моҳӣ дар як шабонарӯз 2 килограмм хӯрок­ворӣ таъмин карда мешавад, ки ин аз рӯйи нишондод 2 фоизро ташкил медиҳад.

Моҳиҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва «карп» ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаб­буси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ шуда истодааст.

Маҳз баъди қабули ин барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфт. Айни замон, барои фаъолияти беш аз 200 хоҷагии моҳипарвар зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат пешравии соҳа дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ ба назар мерасад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагии моҳипарвар мутахассисони соҳаро баҳри боз ҳам рушд бахшидан ба ин бахши сердаромад ҳидоят намуданд.

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд «Маркази таъминоти техникии рӯшноидиҳии парвозҳо» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботи дараҷаи якуми «ИКАО» — Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ ба маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сохта шуда, имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарӯзӣ, новобаста аз вазъи ҳаво, бо сифати баланд ба роҳ монда шавад.

Лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» аз соли 2013 дар се марҳила татбиқ гардид.

Марҳилаи якум иҷрои корҳо оид ба мумфаршкунии хатти парвозу фурудоӣ, омода кардани он барои минбаъд васлу насб намудани таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ, давраи дуюм таъминот ва васлу насби таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ — огоҳкунии шуъояш баланд ва марҳилаи сеюм васлу насби системаи нави фурудоии ИЛС аз самти магнитии 258 дараҷаро дар бар гирифт.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Фуруд­гоҳи байналмилалии Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳҳои мамлакат ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ва дар ин замина васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ташкили хатсайрҳои нав ба самтҳои хориҷи дуру наздик ва афзоиши ҳаҷми мусофиркашонии байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дастуру супориш доданд.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2016 бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо оид ба васеъкунии роҳҳои гардишӣ ва ҳудуди перрони фурудгоҳ ба роҳ монда мешавад. Ин корҳо бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати тайёраҳои калонҳаҷм дар перрон ҳангоми гардиш ва озодона ҳаракат кардану ҷойгир намудани онҳо дар истгоҳҳо амалӣ мегардад.

Соли 2017 дар фурудгоҳ масоҳати зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ мумфарш карда шуд. Қисми зиёди он асосан ба дароз намудани хатти парвоз, васеъкунии роҳҳои гардиш, перрони фурудгоҳ ва истгоҳи ҳавопаймоҳо алоқаманд аст.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017, зимни як сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъиноти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла «Толори ҷавонон» бо 250 ҷойи нишаст ва «Тарабхонаи ҷавонон»  ифтитоҳ гардид.

Корҳои навсозӣ ва таҷҳизонидани биноҳои фуруд­гоҳ аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ анҷом дода шудаанд. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани хизматрасонии он ашёву таҷҳизоти нав васлу насбкарда бо нақшу нигори миллӣ ва мизу курсиҳои зебову диққатҷалбкунанда сохта шудааст .

Роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ ва мумфарш, атрофи роҳҳо бо дарахтон ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои анҷоми корҳои ободонӣ ва дастгирии иқдомҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт. 31 март Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо шаҳомати хоса гусел намуданд.

 www.president.tj