Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

№145 (4095) 30.11.2019

49137666578_366f2cdb5d_o28 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизис­тон ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

28 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошкент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд, ки зимни он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф баррасӣ намуданд

Аз сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус, миёни пойтахтҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ин зимн татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ ва саноати истеҳсолӣ низ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

www.president.tj