Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод

№ 05.08.2016

28764601255_1c8860e680_oДар макони бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюмро аз назар гузаронд.

Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори неругоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмуъ 32 метр паҳноӣ, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад.

Ҳоло бунёди дарвозаҳои нақб бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмон ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Инчунин дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 850 метр тамоми корҳои бетонӣ — конструктивӣ ба итмом расидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносої бо ин иншоот дар вохурӣ бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.

Дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарӯрӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад. Инчунин дар яке аз нақбҳои амудӣ, устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар натиҷаи омадани селу боришоти шиддатнок сатҳи оби обанбор боло шуда, ҳолатҳои эҳтимолиро ба вуҷуд орад. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба маҷрои дарё рехта мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурўҳи коргарону муҳандисони ин минтақаи сохтмонӣ суҳбат намуда, онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.

Аснои боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки дар корҳои сохтмони нақби обпартои садамавӣ ва дарвозаҳои дохилӣ аксарияти сохтмончиёнро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

www.president.tj