Шиносоии Пешвои миллат аз рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони «Истиқлол»

№22 (4284) 18.02.2021

50949850877_7fb6dfdef5_o16 феврали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони «Истиқлол» шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки зимни он даҳҳо адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд, иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карданд. Ҳоло 36 адад дарахти секвойяи калифорниягӣ, ки 3000 сол умр мебинад, ду тарафи даромадгоҳи боғи майдони «Истиқлол»-ро оро медиҳанд.

Бояд гуфт, аз масоҳати умумии 30 гектари майдони «Истиқлол» 11 ҳазор метри мураббаи он аз рӯи нақша сабзкорӣ карда мешавад. То ҳол дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастур доданд. Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

Рафти бунёди майдони «Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб карданд.

Баъди ба истифода додани майдони «Истиқлол» он минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар он рамзи Истиқлолияту озодии миллати сарбаланди тоҷик гузошта мешавад.

www.president.tj