Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам

№124 (3918) 13.10.2018

Нимаи дуюми 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом — Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо карданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кетсян ҳукумати кишварашро дар Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, намояндагӣ мекунад.

Зимни баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ — зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, тарҳи хонаҳои миллӣ, сарулибоси мардонаю занонаи тоҷикӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.

Дар гӯшаи махсус, инчунин, имкониятҳои сайёҳии кишвар дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиш дода шуд. Дар маҷмӯъ, сайругашти шомгоҳӣ ба меҳмонон хеле хуш омад.

Мавриди зикр аст, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрор диққати сайёҳони хориҷиро сол то сол бештар ба худ ҷалб менамояд.

www.president.tj