Суҳбатҳои телефонӣ

№122 (3916) 09.10.2018

5 октябри соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфтанд.

Ҷонибҳо дар идома доир ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, омодагиву ҳавасмандии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳа таъкид доштанд.

7 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзашон  сидқан табрик гуфтанд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат, ҳамчунин роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Россияро баррасӣ ва дар атрофи баъзе аз масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

www.president.tj