Суҳбатҳои телефонӣ

№127 (3607) 08.10.2016

Панҷуми октябри соли 2016  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.

Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин иртибот сарони ду давлати дӯст ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд.

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ таманниёти самимию некашро иброз дошт.

Панҷуми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.

Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор ва ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд.

Зимнан, аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

 

www.president.tj