Суҳбати телефонӣ

№29 (4291) 04.03.2021

1 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ намуданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҷашни Баҳор ва оғози соли нав — иди анъанавии мардуми Чин самимона табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар кори роҳбарӣ ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу карданд.

Сарвари давлат муваффақиятҳои азими Чинро дар бисёр соҳаи ҳаёт ва мустаҳкам кардани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ дар даҳсолаҳои охир зикр намуда, ба дастовардҳои кишвари ҳамсоя дар самти рафъи камбизоатӣ диққати махсус дода, муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми Чинро табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин низ баррасӣ гардид. Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ, инчунин, қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сарвари давлат аз муваффақиятҳои Чин дар мубориза бо эпидемияи коронавирус ёдовар шуда, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои кумак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин, баён карданд.

Зимнан, аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи амният ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар заминаи баррасии равобити бисёр­ҷониба ба раёсати феълии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Саммити ҷашнии СҲШ, ки қарор аст, соли равон дар Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ҳамкории кишварҳоро дар доираи дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таъкид намуданд.

Бо истифода аз фурсат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи дарпешистода самимона муборакбод намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо бори дигар тасмимашонро дар бораи пешбурди муштараки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

www.president.tj