Суҳбати телефонӣ

№58-59 (4320-4321) 01.05.2021

30 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни он сарони ҳар ду давлат рӯйдодҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баамаломадаро баррасӣ карданд.

Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ маълумот доданд.

Зимни суҳбат, инчунин, баъзе аз ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.