Суҳбати телефонӣ

№ 25.07.2022

Телерозговор24 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳои мавриди ҳадаф қароргирифтааш комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Ӯзбекистон дар роҳи рушди устувор дастовардҳои навин хостанд.

Зимни суҳбат бо таъкиди аҳамияти ба таври фаъол амалӣ гардонидани мувофиқаҳои дар чорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи июни соли равон бадастомада масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ  ва саммити дарпешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.