Суҳбати телефонӣ

№41-42 (3521-3522) 28.03.2016

20 марти соли равон бо ташаббуси ҷониби Афғонистон суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат сарварони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамдигар ва мардуми кишварҳояшонро ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуданд.

Сипас, ҷонибҳо ҳолати имрӯзаву дурнамои робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доктор Муҳаммад Ашраф Ғаниро ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ  дар тарҳи дорои аҳамияти бузурги минтақавидошта –CASA-1000 ба Тоҷикистон даъват намуд. Раисҷумҳури Афғонистон ин даъватро бо хушӣ пазируфт.

 www.president.tj