Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон, 27 июли соли 2017

№91 (3728) 29.07.2017

35800269860_7b6b6d256f_oҲамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, ба шумо — намояндагони сокинони меҳмоннавози ноҳияи Балҷувон барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, ба ҳар яки шумо хонаи обод, бахту иқболи нек ва дар ҷодаи заҳмати созандаву ободгарона ба хотири пешрафти ноҳия ва ободии Тоҷикистони азизамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ноҳияи Балҷувон яке аз гӯшаҳои дар ҳақиқат зебову биҳиштосо ва мавзеи хеле қадимаи Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи андешаи муҳаққиқону донишмандон Балҷувон шакли тағйирхӯрдаи калимаи Балхиён буда, бозёфтҳои таърихии аз ҳудуди ноҳия бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекардаанд.

Мардуми Балҷувон аз қадим бо Ҳисору Дарвоз ва манотиқи дигар робитаҳои тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Афғонистону Россия ва Туркистону Ҳинд маҳсулоти гуногун ворид карда мешуд.

Минбаъд олимон муайян кардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни Балҷувон на танҳо тилло, нуқра ва мис, балки конҳои сурб, намак ва нафту газ мавҷуданд.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон мавзеъҳои воқеан тамошобоб ва ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили қалъаҳои Мир, Чорбоғ, Тӯпхона, Дектур, Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ, бошишгоҳҳои давраи асри санг дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди Бобохон вуҷуд доранд, ки гувоҳи таърихи бостонии Балҷувон ба ҳисоб мераванд.

Дар ҳудуди ноҳия, инчунин, манбаъҳои фаровони об ва дигар неъматҳои бебаҳои табиӣ – рӯдҳои Сурхоб, Оби Мазор, Тира, дараҳои дашти Ангора, Шикелдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, шаршараҳои Пуштибоғ ва Камолӣ, чашмаҳои шифобахш ва дар маҷмӯъ 200 чашма, намудҳои нодири ҳайвонот, растаниҳои доруворӣ ва навъҳои азимҷуссаи дарахтон мавҷуданд, ки нишондиҳандаи табиати воқеан зебову афсонавии Балҷувон ва деҳоти он мебошанд.

Ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи ноҳияҳои зодаи даврони истиқлол буда, 2 феврали соли 1996 таъсис ёфтааст. Дастовардҳои дар замони соҳибистиқлолӣ ноилшудаи ноҳия нишон медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи пешрафту ободии ноҳия диққати махсус зоҳир карда, барои расидан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода менамояд.

Бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Балҷувон ва беҳтар гардонидани рӯзгори сокинони он дар даҳ соли охир тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 209 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои се соли оянда, яъне солҳои 2018-2020 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди ноҳия беш аз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

То ба имрӯз дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории баанҷомрасида ва 5 лоиҳаи дигар, ки татбиқи онҳо идома дорад, ҷиҳати беҳсозии вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти мунтазами шабакаҳои барқӣ, идоракунии захираҳои обу замин, рушди чорводорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ беш аз 87 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.

Яке аз самтҳои асосии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» идома додани коҳиш­ёбии сатҳи бекорӣ тавассути таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бо роҳи бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсолӣ ва истифодаи васеъ аз ашёи хоми маҳаллӣ мебошад.

Расидан ба ин ҳадафҳо аз ҳамаи сокинони кишвар заҳмати дучандро талаб мекунад. Ба ин мақсад, ҳоло «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2017-2020» амалӣ шуда истодааст, ки дар он татбиқи 71 лоиҳа ба маблағи 189 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Вале тибқи таҳлилҳо ҷараёни иҷрои корҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи 4 лоиҳа ҳамагӣ маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки қонеъкунанда нест.

Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат таъмин намудани иҷрои барномаи мазкур ва пешрафти ноҳия Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувонро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва сохтору мақомоти дахлдор густариш бахшанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Балҷувон ноҳияи аграрӣ буда, соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёти он нақши аввалиндараҷа дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия тамоюли болоравӣ касб намудааст. Соли 2016 кишоварзони ноҳия ба маблағи 196 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 1996-ум 148 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест, зеро то ҳанӯз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия пурра истифода нашудаанд.

Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 68 гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки талаботи сокинони ноҳияро барои тараққӣ додани растанипарварӣ ва умуман, соҳаи кишоварзӣ, таъмин карда наметавонанд.

Бинобар ин, обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи ноҳия, аз ҷумла дар мавзеъҳои Сӯфиамон, Садаҳо ва Шингидара омили муҳими таъмини рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хоҳад гардид.

Шароити мусоиди ноҳия имкон медиҳад, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ парвариши картошкаву сабзавот, меваю ғалла ва чорводориро зиёд карда, ноҳияҳои ҳамсояро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созанд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда бо мақсади аз худ намудани заминҳои нав ва обёрӣ намудани минтақаҳои баландкӯҳ лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия карда, барои маблағгузории онҳо чораҷӯйӣ намоянд.

Инчунин, бо дарназардошти имкониятҳо ва шароити иқлими ноҳия васеъ намудани майдони боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ташкили инфрасохтори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ноҳияи Балҷувон аз ҷиҳати фаровонии маҳсулоти меваҳои буттагӣ ва гиёҳҳои шифобахш дар мамлакат мавқеи хоса дорад, вале имкониятҳои он дар ин самт то ҳанӯз хеле кам истифода бурда мешаванд.

Дар ин росто, ташкили корхонаҳои хурди коркарди меваю растаниҳои шифобахш ва дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои аҳолӣ сарчашмаи даромади иловагӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ба рушди сайёҳии муолиҷавӣ  мусоидат мекунад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои зиёд намудани майдони кишт, рушди соҳаи боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарвариву картошкапарварӣ, инчунин, бунёди сардхонаву анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили коркарди гиёҳҳои шифобахш чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, дар доираи имкониятҳои мавҷуда андешидани тадбирҳои иловагӣ барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, васеъ намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда, тараққӣ додани соҳаҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ бисёр муҳим мебошад.

 

 

 

Ҳар сол аз Буҷети давлатӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи чорводорӣ ва танзими истифодаи чарогоҳҳои ноҳияҳои гуногуни мамлакат маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2015 — 2017 дар доираи «Барномаи давлатии рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ҳолати 10 ҳазор гектар чарогоҳҳои ҳудуди ноҳияи Балҷувон беҳтар гардонида шудааст.

Дар робита бо ин, зарур аст, ки дар ноҳия ба масъалаи бунёд намудани корхонаи коркарди маҳсулоти чорво бо технологияҳои муосир аҳамияти махсус зоҳир карда шавад.

Вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ва махсусан, чорвои гӯштӣ, чораҷӯйӣ намоянд.

Дар ноҳия ташкили корхонаҳои хурди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла мева ва гиёҳҳои шифобахш вазифаи бисёр муҳим ба шумор меравад.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки барои пешрафту тараққиёти ноҳия имконияту воситаҳои то ҳол истифоданашуда, махсусан, дар самти рушди устувори соҳибкории истеҳсолӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва рушди сайёҳӣ  хеле зиёд мебошанд.

Аз ин рӯ, сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияти худро доир ба дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон тақвият бахшанд ва ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар заминаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ мусоидат намоянд.

Вале соли 2016 ҳаҷми қарзи аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба сокинони ноҳия додашуда ҳамагӣ 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба панҷ соли қаблӣ 25 фоиз кам мебошад.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 78 фоиз кам шудааст.

Таъкид месозам, ки бо чунин тарзи муносибат соҳибкориро дар як ноҳияи дурдасти кӯҳистон тараққӣ додан ғайриимкон мебошад.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фонди дастгирии соҳибкорӣ, Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои маблағгузорӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати беҳтар намудани даст­расии субъектҳои соҳибкории ноҳия ба маблағҳои қарз ва сармоягузорӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бояд гуфт, ки соҳаи саноати ноҳия дар вазъияти хеле ташвишовар қарор дошта, ҳиссаи он ҳамагӣ 7 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти дар ноҳия истеҳсолшударо ташкил медиҳад ва танҳо як фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа ба шуғл фаро гирифта шудааст.

Зарур аст, ки дар ин ҷода имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби  сармояи хориҷӣ ҳар чӣ пурра истифода карда шаванд, зеро ноҳия захираҳои зиёди нафту гази пешгӯйишуда ва дигар сарватҳои табиӣ дорад, ки истифодаи самараноки онҳо метавонад ба рушди иқтисодиёти он такони ҷиддӣ бахшад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва захираҳои табиӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия таъсиси як корхонаи коркарди сангу шағал идома дорад ва ба Вазорати саноат ва технологиҳои нав зарур аст, ки онро ҳар чӣ зудтар ба истифода супорад, то ин ки иншооти нави банақшагирифташуда бо масолеҳи сохтмонии худӣ, аз ҷумла регу шағал таъмин карда шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он ки ­ноҳияи Балҷувон дорои табиати зебои нотакрор, шароити мусоиди иқлим ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадима мебошад, ҳудуди он бо қарори Ҳукумати мамлакат минтақаи туризми байналхалқӣ эълон шудааст.

Гарчанде то имрӯз бо дастгирии Ҳукумат дар ин самт як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд, вале корҳои иҷрошуда то ҳол натиҷаҳои қонеъкунанда надодаанд. Ҳол он ки рушди сайёҳӣ дар ин минтақа метавонад ба яке аз сарчашмаҳои муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, даромади аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои халқии қадима, аз ҷумла таомҳои миллӣ, мубаддал гардад.

Дар ин самт ҷидду ҷаҳди роҳбарону масъулони вилоят ва ноҳия, ҳамчунин, соҳибкорон зарур аст. Дар ноҳия ғайр аз табиати зебову нотакрор, инчунин, мавзеъҳои хушбоду ҳаво, чашмаҳои шифобахш, аз ҷумла оби Султонвайсӣ, Калъанак, Булғурӣ, Оби шулук, Касҳо ва Ҳибил мавҷуданд, ки дармонбахши ­бисёр намуди бемориҳо мебошанд.

Дар ҳудуди ноҳия 145 навъи растании доруворӣ, 47 навъи растании асаловар ва 118 навъи растании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудааст, ки ба коркард фаро гирифтани онҳо метавонад боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон ба дорувории табиӣ ва  рушди саёҳати табобатӣ  гардад.

Инчунин, дар ноҳия барои ташкил кардани шаклҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили туризми куҳнавардӣ, шикор ва сайёҳии фарҳангиву экологӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

Бамаврид аст, ёдовар шавем, ки суратгири англис Вилсон Ричмерс ҳанӯз соли 1906 мавзеи Қалъаи Мирро аксбардорӣ кардааст, яъне даъвату сафари сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеъҳо оғози кор набуда, идомаи он мебошад.

Бо супориши Роҳбари давлат дар хатсайри ноҳияи Балҷувон то мавзеи Шаршараи деҳоти «Сари Хосор» аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ду соли оянда 20 иншооти нав, аз ҷумла 7 меҳмонхонаи замонавии дорои аз 20 то 50 ҷой, 4 муассисаи тиббӣ, 2 иншооти варзишӣ ва 7 иншооти таъиноти гуногун, ба монанди неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Имрӯз дар деҳаи Шайдон як таваллудхона бо тамоми шароити зарурӣ ва таҷҳизоти тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар шароити кӯҳистон барои мардум дастгирии саривақтӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ барои фароҳам овардани шароити муосир, яъне бунёди инфрасохтор, омода намудани хатсайрҳои сайёҳии минтақа, сатҳи баланди хизматрасонӣ, тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба мавзеъҳои тамошобоби ноҳия чораҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯз мо баъди гузоштани санги асоси роҳи мошингарди Кангурт – Балҷувон – Ховалинг барои бунёду ба анҷом расонидани роҳи мошингарди Балҷувон — Сари Хосор дастуру супоришҳои заруриро додем.

Ҳамчунин, роҳбарони сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор сохтем, ки бо мақсади таъмиру азнавсозии роҳҳои байни ҷамоатҳо ҳамаи чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

Бо вуҷуди он ки то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти сокинони ноҳия дар самти таъминот бо неруи барқ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд, аммо мушкилоти 39 деҳа дар деҳоти «Балҷувон», Сафар Амиршоев, «Сари Хосор», Сайф Раҳим ва «Тоҷикистон» то ҳол роҳи ҳалли  худро наёфтааст.

Аз ин лиҳоз, ба Ширкати «Барқи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурдро ба нақша гирифта, то охири соли 2018 масъалаи бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани деҳаҳои зикршударо ҳаллу фасл намояд.

Имрӯз Неругоҳи хурди барқи обии «Пуштибоғ» бо иқтидори 183 киловатт ба фаъолият оғоз мекунад, ки деҳаҳои Мулоконӣ ва Пуштибоғро бо барқ таъмин намуда, бо кашидани хатти интиқоли барқ вақтҳои наздиктарин деҳаи Шингидараро низ фаро мегирад.

Ҳамватанони азиз!

Аз соли таъсисёбӣ то ҳол дар ноҳияи Балҷувон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 27 бинои нави  таълимӣ бо 2400 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Инчунин, дар ин давра 84 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, 4 муассисаи таълимӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ки чанд лаҳза пештар ифтитоҳ намудем, боз як нишонаи дастгириҳои давлат дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳли маориф мебошад.

Илова бар ин, имсол 1 бинои нави муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмони муассисаи таҳсилоти умумӣ дар деҳоти ба номи Сайф Раҳим идома доранд.

Дар маҷмӯъ, тӯли солҳои 1996-2016 тавассути дастгириҳои давлат ва бо ҳиммати соҳибкорон барои 3600 хонанда ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар панҷ соли оянда бунёди 2 муассисаи  нави таълимӣ ва 16 бинои иловагӣ барои зиёда аз 2800 ҷойи нишаст ва ба маблағи умумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, сохтмони бинои литсейи касбҳои техникӣ барои 240 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия, хобгоҳ барои 450 нафар, муассисаи таҳсилоти умумии рақами 20 дар деҳаи Дараи Боҳтур, азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар деҳаи Дебдор, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2 ва 9 пешбинӣ шудааст.

Мақсади мо аз бунёду азнав­созии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз он иборат аст, ки шароити таҳсили хонандагон ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳоти дурдасти кишвар тадриҷан бо шаҳру ноҳияҳо баробар карда шавад. Таъкид месозам, ки мо минбаъд низ дар ин самт чораҷӯйӣ мекунем.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ буҷети соҳаи тандурустии ноҳияи Балҷувон аз 50 ҳазор сомонӣ ба 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 79 баробар зиёд мебошад.

Дар ин давра, дар ноҳия 3 маркази саломатӣ ва 9 бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта, 5 муассисаи солимгардонӣ таъмиру барқарорсозӣ шудааст. Илова бар ин, давоми ду соли минбаъда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохт­мони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Файзободи деҳоти «Тоҷикистон» ва бунёди Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар деҳаи Шайдон бо арзиши умумии беш аз 18 миллион сомонӣ дар назар аст.

Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва беҳтар намудани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, махсусан дар деҳоти дурдасти ноҳия, чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои соҳаи тиб ва сайёҳӣ аз ҳисоби ҷавонони ноҳия диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия масъалаи дар деҳаҳои дурдаст бунёд намудани бунгоҳҳои нави тиббӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мунтазам вусъат додани корҳои созандагиву ободонӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулони ҳамаи соҳаҳо мебошад.

Тавре ки ҳамаи шумо медонед, чанд рӯз пештар ман андешаҳои худро доир ба вазъи иҷрои аввалин қонуни миллии кишварамон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва манфиати он ба рӯзгори ҳар як оила муфассал баён намудам.

Ҳоло бори дигар хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир, афзоиши босуръати аҳолӣ ва талабот ба маводи ғизоӣ ва вобаста ба ин, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ риояи талаботи қонун ва сарфаю сариштакорӣ бояд ба одати ҳаррӯзаи ҳар яки мо табдил ёбад.

Ҳамчунин, таълиму тарбияи фарзандон, яъне эҳсоси масъулият барои фардои осудаи оила, ҷомеа ва давлат, аз роҳи бад ва гароиш ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон низ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳамаи роҳбарону фаъолон, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну калонсолон бояд ба онҳо эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд.

Тавре ки медонед, ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ наздик омада истодааст. Ба хотири истиқболи арзандаи он мо бояд ба корҳои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон вусъат бахшем ва ҳар рӯзро ба ин мақсад самаранок истифода намоем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувон бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду ободии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Барои амалӣ гаштани ҳадафу нақшаҳои нек ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Балҷувон хонаи ободу рӯзгори пурфайз ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!