Таъиноти кадрӣ

№2 (3639) 07.01.2017

31995351631_05280bc0bd_oПанҷуми январи соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

 Тағйирот дар мақомоти прокуратура ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифт.

Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъин гардиданд.

Сардорони раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Ҳамчунин, дар дастгоҳи марказии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ, афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои нав таъингардида доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

www.president.tj