Таъиноти кадрӣ дар мақомоти прокуратура ва судҳо

№141-142 (3442-3443) 23.10.2015
11224229_914735598596627_3403816670784595089_o (1)22 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти прокуратура ва судҳо ба вазифаҳо таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҳамин тавр, дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои нав ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук ва Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ, прокуророни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Ҷиликӯли вилояти Хатлон ва ноҳияи Тавилдара таъин шуданд.

Дар мақомоти судӣ бошад, раисон, муовинони якум ва муовинони судҳо ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Чкалов, Истиқлол, Ваҳдат, ноҳияҳои Роштқалъа, Вахш, Қумсангир, Спитамен, Рӯдакӣ, Ҳисор, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ғоибназар Амирхоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шуданд.

Ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозхонди се нафар узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Наимова Вера Петровна, Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳониддинович ва Сатторов Акбаралӣ Қурбонович ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Аксари кадрҳои ба вазифаҳои мақомоти прокуратура ва суд таъингардида ҷавонон мебошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид кард, ки масъалаҳои вобаста ба таъмини адолати судӣ ва баланд бардоштани мавқеи суд дар ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Давлат қарор дорад.

Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти таъмини амнияти ҷомеа, ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, волоияти қонун ва манфиатҳои милливу давлатӣ меистад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қабули санадҳои танзимкунандаи фаъолияти судҳо изҳор дошт, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳуқуқу озодии онҳо як силсила қонуну санадҳо, аз ҷумла «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017» қабул шудааст, ки ба тақвияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва таъмини қонунияту адолат мусоидат хоҳад кард.

Оид ба ғамхории пайвастаи Давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ бошад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат воҳидҳои кории иловагии судяҳо ва дар судҳои вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъсис дода шудаанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши мақомоти прокуратура дар таъмини волоияти қонун андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки мақомоти прокуратураро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти давлатии марбута бо дарназардошти вазъи пуртазоди имрӯзаи ҷаҳон ва бо мақсади ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ бояд ба ҳаракату равияҳои ифротгарову террористӣ, амалҳои бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳангу равияҳои бегона муборизаву муқовимати оштинопазир нишон диҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳар як корманди мақомоти судӣ ҳангоми иҷрои рисолати бошарафи суд бояд ҷиҳати доғдор накардани номи пурифтихори корманди мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ азму талош ва ҳисси баланди инсонӣ зоҳир намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таассуф таъкид намуд, ки имрӯз ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки худи судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба кирдорҳои номатлуби коррупсионӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ зада, шаъну шараф ва эътибори вазифаҳои пурмасъулияти худро доғдор месозанд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо аз шахсони тасодуфӣ, нолоиқ ва шубҳанок тоза карда шаванд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҳангоми таъин кардани мутахассисони ҷавон ба мақомоти судӣ ва прокуратура ба масъалаи савияи дониш,  малакаи касбӣ ва ахлоқӣ, шоистаи мансаби ишғолкарда ва намунаи ибрати ҷомеа будани онҳо аҳамият дода шавад.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардидаро, ки аксар ҷавону соҳибтаҷрибаанд, ба таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуд ва ба онҳо хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро орзу кард.

www.president.tj