Ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб

№127 (3607) 08.10.2016

30090378856_2d23b1a6b9_o5 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшиданд.

Шаҳраки маъмурию таълимӣ ва истиқоматии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар айни замон лоиҳаи ангоравии иншооти мазкур тасдиқ шудааст. Барои сохтмони бинои маъмурию таълимии 11-ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб соли 2017-ум 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи дурнамо дар биноҳои нав барои ба таълим фаро гирифтани 3000 донишҷӯ шароит фароҳам оварда, хобгоҳи дорои шароити муосир бунёд мегардад, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ин мавзеъ, ҳамчунин бинои истиқоматии 9 — ошёна барои омӯзгорон, толорҳои бузурги маҷлис ва варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатию бозиҳои гуногуни варзишӣ сохта мешавад.

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки 25 октябри соли 2003 таъсис ёфтааст, барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат ва технологияҳои муосири соҳавӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар донишкада дар 5 факултет аз рӯи 35 ихтисос 2015 донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар сохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа амал намуда, дар шаҳри Кӯлоб дар тобеияти худ як литсейи инноватсионӣ дорад.

Дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмони бино ва иншооти қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб низ оғози расмӣ бахшиданд.

Арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дода, анҷоми корҳои сохтмонӣ дар соли 2017 пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур аз 9 ошёна ва таҳхонаи дорои 52 утоқи корӣ, ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 125 ҷойи нишаст, қисми навбатдорӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Дар даҳ моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маблағи қариб 20 миллион сомонӣ 14 иншооти гуногун барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки нишона аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сохторҳои қудратии мамлакат аст.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуд­ратчӣ Корхонаи давлатии сохтмон ва васлкунии № 2-и ҳамин вазорат аст.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони корхона барои иҷрои корҳои босифати сохтмон ва дар вақти муайяншуда ба охир расонидани он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб барои бунёди меҳмонхонаи муосири баландошёна санги асос гузоштанд.

Он аз дувоздаҳ ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи аввал барои бунёди Маркази маданияти кӯдакону наврасон, Маркази зебоӣ, толори фӯруши маҳсулоти дастӣ, аз қабили чакану зардӯзӣ ва дигар марказҳои савдою тарабхона пешбинӣ шудааст.

Дар Маркази маданияти кӯдакону наврасон синфхона ва толорҳои махсус барои омӯзишу азхуднамоии рақсҳои кӯдаконаи балет, гимнастика, ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ ташкил карда мешавад. Маркази зебоӣ аз толори мӯд ва студияи тарроҳон иборат хоҳад буд.

Мувофиқи лоиҳа, аз ошёнаи 3 то 11 барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ 402 ҳуҷра барои қабули то 500 меҳмон бо намунаи санъати меъмории миллӣ ва шароиту имконоти замонавӣ сохта мешавад. Дар ошёнаи 12 толорҳои истироҳату фароғат, машқи бадан ва толори бузург барои маҷлису конфронсҳо ҷой хоҳад гирифт.

Баъди бунёд дар ин маҷмаа то 300 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ва фазои самимии идона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон парда аз рӯи лавҳаи мармарини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштанд, ки бо санъати меъмории нотакрор бунёд шудааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони марказии шаҳр қомат афрохта, дар пояи аз металли махсус омодашуда насб гардидааст, ки баландии поя бо фарогирии Нишон дар маҷмӯъ 27,7 метрро ташкил медиҳад. Аз ин андоза 5 метр таҳкурсии Нишони давлатӣ мебошад, ки бо мармари холис рӯйпӯш карда шудааст. Рамзи Нишони давлатӣ аз ҷониби ходимони Корхонаи рассомӣ-ҳайкалтарошии ҶДММ «Нури Шамс»-и шаҳри Кӯлоб таҳия ва сохта шуда, бо рангу ҷилои махсус оро ёфтааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ «Фаридун» сохта шудааст.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар ҳамин мавзеъ ҷойгир шудааст. Истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иншооти навбунёд самимӣ ва ба таври хоса доир гардид. Дар як вақт бо расми истиқбол матои Парчами давлатиро сарбозони Горди миллӣ зери навои мутантан ба майдон ворид намуданд ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб иҷро гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ, пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи мармарин бо навиштаҷоти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барафроштани Парчам дар пояи баландияш 52,5 метр ин рӯйдод­ро дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи воқеаҳои муҳими таърихӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК «Ориёнбонк» бунёд гардида, аз матои андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст. Пояи асосии Парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимаро таҷассум менамоянд. Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпӯш бо мармар буда, 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи рӯи ҳам бунёд шудааст. Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсутунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва узви Иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст.

Баъди барафроштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб якбора қомат афрохтани намунаи ду муқаддасоти миллӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва дар маҷмӯъ сокинони шаҳри Кӯлоб, нақши муҳим мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи навбунёди Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни ҳавлии ин боргоҳи маърифат Сарвари давлатро устодон ва хонандагони сершумор бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳабиб О» бо сифати баланд иҷро кардааст. Маблағи лоиҳавии иншоот 13 миллион сомониро ташкил медиҳад ва пурра аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Майдони умумии ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ наздик ба 3 гектарро ташкил медиҳад. Мактаб аз се ошёна ва 28 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 624 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ин муассисаи таълимӣ шинос гардиданд. Дар мактаб шароити муосири дарсомӯзӣ, бо истифода аз асбобу анҷоми зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ бо 30 адад компютер муҷаҳҳаз гардидааст, ки бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Ҳамчунин, панҷ адад тахтаи электронӣ мавриди корбарии хонандагон қарор дорад.

Дар ошёнаи якум китобхона бо фарогирии номгӯйи зиёди адабиёти бадеию дарсӣ, ошхона барои то 50 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва толори хуштарҳи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун, ки имкони ғунҷоиши беш аз 200 нафарро дорад, ҷойгир шудааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ ду синфхонаи касбомӯзӣ низ ташкил шудааст, ки дар онҳо ба хонандагон ҳунарҳои дӯзандагию пазандагӣ ва дуредгарию дигар ҳунарҳои зарурӣ омӯзонида мешаванд.

Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои футболу волейбол ҳам бо дарназардошти талабот бунёд гардидааст. Мактаб бо хатти доимии барқ ва системаи огоҳсозӣ аз хатар пайваст мебошад.

Сарвари давлат аз сифати корҳои сохтмонӣ дар мактаби нав изҳори қаноатмандӣ намуда, устодонро ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас ва хонандагонро ба кӯшишу талошҳои ҳар чӣ бештар дар роҳи донишандӯзӣ даъват намуданд.

Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»- ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази «Роҳи абрешим» дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма» бо маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фурӯши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст мебошад ва бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ Табаралӣ Амрохонов бо бунёди ин маркази муосири хизматрасонӣ 50 нафар сокини маҳаллии шаҳри Кӯлобро соҳиби ҷойи кори доимӣ кард.

Дар ошёнаи сеюми марказ меҳмонхонаи нав бо 13 ҳуҷраи хоб сохта шудааст. Мақсад аз бунёди чунин иморати зебо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирону ронандагони шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар рӯзи ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Роҳи абрешим» дар ошёнаи якуми бино тӯйи суннатии 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хушбахт туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои Давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуои нек намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба як макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардидааст.

Пеш аз Истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гурӯҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ дош­танд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.

Маҳз эътирофи баробарию бародарии одамон, нақши илму маориф, тарғиби сулҳу оромиш, инчунин хизмати Ҳамадонӣ дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд. Ҳамин аст, ки ин шахсияти шинохта ҳамеша аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати башардӯстонаи хеш соли 2015 ба муносибати 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ»-ро баргузор карданд. Дар баромадҳои хеш олимони кишварҳои хориҷ, пеш аз ҳама, барои хислатҳои наҷиб, ташаббусҳои инсондӯстона ва қадршиносию гиромидошти олимону орифони миллати тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ин иқдомҳои ибратбахш баҳои баланд доданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

5 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоти судманду созанда доир намуданд.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангии идона ва намоиши театришуда, ки таҷассумгари дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагию муттаҳидии мардуми шарифу сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик буд, баргузор шуд.

www. president. tj