Зиёрати Оромгоҳи Пайғамбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с)

№3 (3483) 07.01.2016

Панҷуми январи соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, баъди тавофи Хонаи Каъба ва адои ҳаҷи умра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ташриф овард.

Дар ин ҷо Пешвои миллати тоҷик дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)- ро зиёрат кард.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як бандаи муъмин, онҳое, ки маросими ҳаҷи фарзӣ ва умраро ба ҷо меоранд, дар шаҳри Мадина оромгоҳи Пайғамбари исломро ҳам зиёрат мекунанд.

Шаҳри Мадина яке аз шаҳрҳои зебои сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ ва макони дуюми зиёрати аҳли ислом — мусалмонони ҷаҳон аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ дар масҷиди набавӣ низ дар назди равзаи Пайғамбари ислом ду ракъат намози нафл хонда, барои осудагии мардуми шарафманди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дуову фотеҳаи нек карданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати неку бобарори хориҷӣ ва робитаҳои судманди ду кишвар якҷоя бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷи шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои ҳаҷ ва умра ба шаҳрҳои Маккаву Мадина омада, Хонаи Каъбаро тавоф ва равзаи Пайғамбари исломро зиёрат мекунанд.

Баъди зиёрати равзаи Пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Мадина сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми ин кишвар, баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, инчунин имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ аз натиҷаҳои бобарори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз дуюм то панҷуми январ дар шаҳрҳои Риёз, Ҷидда, Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ ҷараён  гирифт.

Рӯзи панҷуми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Ватан баргашт.

 www.president.tj