Дигар туҳмату буҳтон нарезед!

№117 (4700) 29.09.2023

Вақте кас вориди баъзе аз сомонаҳои иҷтимоӣ мегардад, бадхоҳу тафриқаандоз будани гурӯҳе ба ном ҳаммиллатони хешро дида, дар ҳайрат меафтад. Суоле ба миён меояд, ки чаро баъзе аз мардуми мо ҳодисаю воқеоти солҳои навадуми асри гузаштаро ин қадар ба зудӣ фаромӯш намуданд? Охир, он рӯзҳои ҷангу даргириҳо, айёми фоҷиаи мудҳиши ба сари мардуми мо омада набояд ба зудӣ аз хотирҳо зудуда бигардад. Яке аз чунин иғвобарангезон саркардагон ва ҷонибдорони Ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) буданд, ки алъон фаъолияти ин ҳизби тундгарою иртиҷоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мамнӯъ эълом шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ зимни мулоҳизарониҳо чунин изҳор намуданд: «…Он ҷанги таҳмилие буд, ки аз тарафи душманони дохилию берунӣ вусъат дода шуд ва дар натиҷа, ба ҷумҳурӣ хисороти азими ҷонию моддӣ ва маънавӣ расид… ва мо оқибатҳои ин ҷангро набояд фаромӯш намоем». Воқеан, ин ҷанг мардуми моро ба машаққату мушкилоти гарону сангине рӯ ба рӯ сохт. Ҳамон солҳо низ ин низоъ ва ҷангу ҷидолҳо ибтидо аз барангехтани иғвою дасисаҳо дар миёни мардум оғоз ёфта буд.

Он солҳо наҳзатиён мақсаду нияти нопоку муғризонаи худро, ки дар ниҳоят табаддулоти давлатӣ буд, пинҳон мекарданд ва пайваста кӯшиш мекарданд, то бо кадом роҳу воситае, ки набошад, ҳукумати қонунӣ — конститутсиониро ғасб намоянд. Дар робита ба гуфтаҳои боло нафаре андешаҳояшро дар як расонаи даврӣ чунин баён намудааст: «Агар ин ҳизб намебуд, ҳеҷ иттифоқи баде намеафтод. Ҳизбе, ки на танҳо аксарияти мардуми кишвар, балки дар дунё ягон давлати абарқудрат барои ба сари қудрат омаданаш имконият намедод, мехост зимоми давлатдориро ба даст гирифта, сохти консти­тутсиониро барҳам занад. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои нопоки худ ин ҳизб тавонист як зумра зиёиёнеро, ки худро демократ мегуфтанду аслан аз сиёсат бӯе ҳам намебурданд, бо худ ҳамроҳ созад. Ин демократҳо намедонистанд, ки агар Худо накарда ҳизби наҳзат ба сари қудрат ояд, пеш аз ҳама, худи онҳоро аз миён мебардорад, чуноне ки дар баъзе кишварҳои исломӣ ин таҷриба кайҳо амалӣ шуда буд…»

Наҳзатиён ба мақсадҳои зишту ниятҳои нопоки худ расида натавонис­танд ва аз чист, ки вақтҳои охир боз гурӯҳе тавассути баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба масъулини ин ё он ниҳоди давлатӣ туҳматҳо мезананд, бар дӯшашон айбу буҳтонҳои мухталифро бор сохта, дар ҳаққашон бо алфози қабеҳ дашномҳо медиҳанду эшонро беасос маломату таҳқир менамоянд. Мо ин ҷо аз овардани ному тахаллуси ба ном мухолифин ё оппонентҳо, шабакаҳои иҷтимое, ки ин тафриқаандозон ва душманону сияҳ­корони миллати мо ба тариқи васеъ истифода мекунанд, худдорӣ менамоем ва мехоҳем танҳо як маъниро ба ин гурӯҳ талқин бисозем: магар он солҳо дар ин даргириҳо даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ кушта нашуданд? Оё замони ҷанги таҳмилӣ садҳо ҳазор мардуми кулфатзадаю бенавои мо гуреза шуда, ба ҳиҷрату ғурбат рӯ наовард? Магар он солҳо шумораи ба хоку хун оғӯшташудагон кам буд? Он миллиардҳо доллари хисороти ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ воридшударо киҳо бояд ҷуброн кунанд? Магар метавон ашки чашмони модарони ғамзадаю саргардон, тифлони гирёну нолон, пиронсолони ҳайрону саргардонро фаромӯш сохт? Оё қатлу куштори даҳҳо ҳазор ҷавонони ноком имрӯз моро бетараф гузошта метавонад? Садҳо афсӯс, ки ин ҳодисоту воқеоти барои ҳамагон равшану маълумро ба муфассалтар тафсилу ташреҳ додан ҳоҷат нест ва фурсат низ хеле маҳдуд аст.

Хушбахтона, бо кӯшишу талошҳои ҷасуронаю оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хиради азалии мардуми тоҷик ва далерию қаҳрамонии ҳазорон нафар фарзандони ҷоннисору шуҷои миллат дар муддати хеле кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо хомӯш гашт ва набояд фаромӯш сохт, ки ба сулҳу салоҳ расидан кори саҳлу осон набуд. Барои барқарор сохтани сулҳ ва хомӯш намудани оташи ҷанг қабл аз ҳама, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд.

Имрӯз дар кишвари азизи мо — Тоҷикистон комилан сулҳу салоҳ барқарор аст ва мо бояд аз пойдории сулҳу осоиштагӣ, ки дастоварди беназиру бебаҳои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, шукрона кунем. Шукрона аз ин неъмати бузург намоем, ки алъон мардуми мо зиндагии осоишта дорад.

Вале аз чист, ки ин гурӯҳи худхоҳу моҷароҷӯ ба амалҳои зишту иғвоангезонаи худ хотима намебахшанд? Чаро ин тафриқаандозон то ҳанӯз аз кардаҳои ноҷою ноҷавонмардонаашон изҳори пушаймонӣ намекунанд? Барои чӣ ин тоифаи ҷудоихоҳ боз ҳамарӯза ба даъватҳои беасосу бебунёди худ машғуланд? Кӣ барояшон ҳуқуқи сиёсию маънавӣ додааст, ки мудом аз номи миллат ҳарф зананд? Наход онҳо аз ин туҳмату буҳтонҳое, ки ба сари мо мерезанд, шарм надоранд ва аз оқибати рафтору кирдори ношоистаашон андеша накунанд?

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»