Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Иқтисоди сабз» — кафили рушди иқтисодию иҷтимоӣ

№12 (4595) 12.01.2023

52581285814_7fa1e9d7e0_oЧанде пеш аҳолии ҷаҳон ба 8 миллиард нафар расид. Афзоиши аҳолӣ боиси зиёд шудани истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бештар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мегардад.

Ин дар навбати худ ҳаҷми партовҳоро зиёд ва сифати ҳаётро паст мекунад. Бо мақсади хотима бахшидан ба раванди мазкур Созмони Милали Муттаҳид солҳои ҳаштодуми асри ХХ Консепсияи рушди устувор — зиндагӣ бидуни зарар расонидан ба наслҳои ояндаро тартиб дод. Дар асоси он модели «иқтисоди сабз» тавлид ёфт, ки бояд оянда ҷойгузини модели то ин дам амалкунанда гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзӯи рӯзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.  Чунончи, 23-юми декаб­ри соли 2022 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Мувофиқи ҳисоботи «Bloomberg NEF», барои то соли 2050 ноил шудан ба сатҳи сифрии партоби карбон солҳои 2026-2030 барои бунёди неругоҳҳои офтобию шамолӣ ҳар сол дар ҷаҳон 1,5 триллион доллар маблағгузорӣ бояд кард.

Соли 2021 ҳаҷми ба истифода додани иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон 227 гигаваттро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 — ум 4,7 фоиз зиёдтар аст. Сармоягузорӣ дар ин самт ба 755 миллиард доллар расид.

Маблағи дар ин ҷода сарфнамудаи шаҳрвандон дар мамолики дунё ба 40 миллиард доллар баробар шудааст. Тибқи пешгӯии нашрияи маъруфи «The Economist», пас аз 10 сол дар сайёра ягон ширкати бузург нахоҳад монд, ки эҳтимолияти хатари тағйирёбии иқлимро ба назар нагирад. Аз ин рӯ, мавзӯи «иқтисоди сабз» дар мадди аввал хоҳад буд.

Пешвои миллат ин ҷанбаи муҳимро ба эътибор гирифта, дар Паёмашон таъкид карданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои даст­расӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз», бояд васеъ ҷорӣ карда шавад».

Мувофиқи маълумоти Фонди ҷаҳонии табиати ёбоӣ (WWF), иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар рӯз аз ифлосшавии ҳаво бо сабаби истифодаи сӯзишворӣ 8 миллиард доллар зарар мебинад. Бо мақсади кам кардани ихроҷи газҳои парникии нақлиёт дар бисёр кишварҳо рӯ ба нақлиёти барқӣ оварда истодаанд, аммо неруи барқ дар аксари ин мамлакатҳо дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мешавад, ки он ҳам ба сӯзишворӣ ниёз дорад. Дар кишвари мо бошад, 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба ин масъала дахл карда, чунин гуфтанд: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунон ки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд. Аз рӯи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикис­тон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.

Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила, ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд».

Сармоягузорӣ ба «иқтисоди сабз» дар баробари овардани манфиатҳои иқтисодӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани саломатии одамон гашта, дар маҷмӯъ ба ҳалли бисёр мушкилиҳои иҷтимоӣ низ мусоидат мекунад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, як долларе, ки барои барқароршавии ҷангал сарф мешавад, оянда 30 доллар манфиати иқтисодӣ меорад. Як миллион долларе, ки барои тавлиди «энергияи сабз» сарф мешавад, боиси таъсиси 16,7 ҷойи нави корӣ мегардад. Ин рақам дар неругоҳҳои бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 5,3 ҷойи корро ташкил медиҳад.

Соли 2017 ба соҳаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон 280 миллиард доллар ва ба энергияи бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 103 миллиард доллар сармоягузорӣ шуда буд. Солҳои минбаъда низ ин нишондиҳанда ба манфиати «энергияи сабз» буда, дар ҳоли афзоиш аст.

Сардори давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо дарки зарурати гузаштан ба «иқтисоди сабз» дар хусуси дурнамои рушди энергетикаи водородӣ (гидрогенӣ) пешниҳоди ҷолиб намуданд: «Бо дарназар­дошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технология­ҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Акаде­мияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне неруи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».

Хулоса, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони кишвар мегардад.

Муҳаммадраҳим ЮСУФӢ,

раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон