Ифтихор аз соҳибватанӣ

Истиқлолият — заминаи соҳибдавлатӣ ва кафолати ватандорӣ

№102 (4522) 17.08.2022

ФлагДар равиши ҳастии миллатҳо баъзе рӯйдодҳои арзишманду таҳаввулотофар ба амал меоянд, ки аз нигоҳи муҳимият беназир буда, аҳамияти барҷастаи таърихӣ доранд. Аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз, ки дар китоби мавҷудияти пур­ифтихор ва қаҳрамононаи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст, эълони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.

Поягузори рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, эҷод ва ташаккули низоми миллии қонунгузорӣ, барномарезиҳои муваффақонаи иқтисодӣ, таъмини рушди устувор, ислоҳоти доманадори бахши кишоварзӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ноил шудан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият — расидан ба сулҳу субот ва истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд: «Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар наз­ди мо шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт. Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд».

Ба касе пӯшида нест, ки эълони истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик то андозае ба осонӣ муяссар гардид, лек ҳифзу тақвият ва тавсеаи он самараи сарварии иродатмандона, азми қавӣ, нияти нек ва шуҷоати беназири Пешвои миллат аст. Тадриҷан баъзе саҳифаҳои пӯшидаи иқдомоти неруҳои бадхоҳи хориҷӣ ва дастнишондеҳони дохилии онҳо ошкор шуда истодааст, ки бар зидди миллати тоҷик ва Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна тарҳҳои бадқасдона доштанд.

Давлати ҷавону тозаистиқлоли мо дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари мардуми мо таҳмил гардид, талафоти зиёд дод ва хушбахтона, бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи дубора пайдо карда, барои раҳоӣ аз вартаи нобудӣ талош карда, ба рӯзи мурод расид.

Барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, дар шароите ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн мекард, роҳбарияти ҳокимияти тозаинтихоб ба эҷоди пояҳои ҳуқуқӣ ва асосҳои қонунии истиқлолияти давлатӣ иқдом намуд.

Ҳамин тавр, пас аз як соли эълони истиқлолияти давлатӣ мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардида, баъд аз чор соли соҳибистиқлолӣ аввалин Конс­титутсияи кишвари соҳибихтиёрамонро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудем.

Агар дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сохти давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи озод, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида бошад, бо қабули Конститутсия баҳри ташаккули низоми нави қонунгузории мамлакати соҳибистиқлоламон замина фароҳам гардид, ки он ҳама самараи талошу ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Домони файзу баракати истиқлолияти давлатӣ хеле фарох аст, ки дар маҷмӯъ бо даст­овардҳои ин неъмати гаронарзиш ва сарвати муқаддаси миллӣ ҳосилшуда тавъам мебошад. Бо вуҷуди ин, фатҳи зинаҳои навбатӣ, муваффақ шудан ба дастовардҳои тоза дар марҳилаҳои минбаъда, ки аз «Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030» бармеоянд, моро дар пешанд. Ҳама зодагони ин сарзамин ва соҳибони ин Ватан вазифадорем, ки дар сарсабзию шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. Моро лозим аст, ки қабл аз ҳама, дарки дурусти моҳият ва мақоми истиқлолияти давлатиро дар зеҳну шуур, ҷаҳонбинӣ ва тафаккурамон ҷой дода, шинохти аслии истиқлолиятро дар ниҳодамон тақвияту такмил диҳем. Ҳисси миллӣ, масъулият дар назди имрӯзиёну фардоиён бояд сармашқи корамон бошад.

Истиқлолияти давлатӣ дар ҷараёни таҳаввулот ҳамчун фасли тозаи сарнавишт, ибтидои марҳилаи сифатан нави тараққиёт ва айёми шукуфоӣ ҳамеша ҳувайдо аст.

Маъниву ғояи истиқлолият мебояд дар тасмимгирӣ, ташаббускорӣ, саҳмгузорӣ ва фа­ъолмандии ҳама бардавом ифода ёбад. Дар қолаби навҷӯӣ ва созандагӣ зоҳир шудани муҳаббат ба ин Ватани нозанин ва посдории арзишҳои истиқлолияти давлатӣ далолати покии андеша ва комил будани шахсияти инсонӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки муттаҳидӣ дар пояи парчами истиқлол ва озодӣ тақозои дилхоҳ давр ва ниёзи ҳама гуна замон буда, ҳамеша айни муддао ва доимо муҳиму саривақтист.

Бузургтарин дастовардҳои замони истиқло­лияти давлатиро танҳо донистан кофӣ нест, балки шукрона бояд карду қадршинос буд. Зеро муҳиту арзишҳои марбут ба истиқлолияти давлатӣ масъулияти ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандиро тақозо доранд.

Суҳроб РУШАНЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе