10 август – Рӯзи варзишгарон

Гиряи Лионел Meccи

№102 (4364) 10.08.2021

Ҷонфидо дида ҷои худро танг,

Гуфт : — Дунёст саҳнаи найранг.

Ғайри оҳанги ноҷавонмардӣ

Нест дар сози ӯ дигар оҳанг.

 

Ҷонфидо дида ҷои худро танг,

Аз ғазаб зад ба домани худ чанг.

Гӯиё дар кафи ҳаводорон

Дид ҷои анори мақсад санг.

 

Рӯй оварда гуфт бар афлок:

- Нест раҳмат, сарат ба зери хок.

Кӯр ҳастӣ, магар намебинӣ

Дил ба теғи ҳунар бикардам чок?

 

Гуфт : — Як дам ҷудоӣ аз даста,

Марг бошад барои дилбаста.

Гиряаш гиряи ҷудоӣ буд,

Буд аз бори ҳаҷру ғам хаста.

 

Гар бигиряд бузург, ларзад дил,

Об берун барояд аз соҳил.

Сел меҳмон шавад ба ҳар манзил,

Кас наёбад зи хирманаш ҳосил.

 

Бист солаш гузашт дар як ҷо,

Кард ӯ ҳафтуҳашт дар як ҷо.

Дигар он к-ӯ паяш намебинад,

Кард ӯ сайругашт дар як ҷо.

 

Бист соле, ки буд ёраш нанг,

Буд майдони ифтихораш нанг.

Ҳосили донаи умедашро

Мегирифт аз даҳони хоку санг.

 

Карда ҷабри фузун ба ҷони хеш,

Қатраи нӯш мегирифт аз неш.

Ояд аз гиряи хамӯши ӯ:

- Носипосӣ набошад аз ин беш.

 

Ашки ӯ дида, оҳ ҳам бигрист,

Кӯча бигрист, роҳ ҳам бигрист.

Ашкборон дами гуселаш шуд,

Мижжа бигрист, нигоҳ ҳам бигрист.

 

Рафтани қаҳрамон чӣ маъно дошт?

Зистан дар ҷаҳон чӣ маъно дошт?

Гар фитодан зи боми шуҳрат буд,

Мондани нардбон чӣ маъно дошт?

 

Қаҳрамон дида ҷои худро танг,

Боз бигрифт пеш роҳи нанг.

Даҳр гоми бузург хоҳон аст,

Ҷои худро набахшад ӯ бар ланг.

 

Шуҳрати ӯ зи нангзори ӯст,

Он, ки зӯр аст, ҷумла зори ӯст,

Пурҳунар байни раҳ намемонад,

Дастаи дигар интизори ӯст.

 

Нанги худро шиори дунё кард,

Tирамаҳро баҳори дунё кард.

Бар ҳама рақси тӯбро омӯхт.

«Барс»-ро номдори дунё кард.

 

Дар баҳоре, ки бебарор омад,

Ашк аз чашми ӯ қатор омад.

Дар хаёли гуселаш афтоданд,

Мондан ӯро ба даста ор омад.

 

Меравад ӯ зи «Барс» , ночор аст,

Рафтан ӯро зи «Барс» душвор аст.

Мактаби «Барс» шуҳраташ бахшид,

Мондан ӯро зи дарс душвор аст.

 

Ашкҳояш ҳисоби тӯби ӯст,

Шоҳиди зарбаҳои хуби ӯст.

Ҳар куҷо дар ба рӯи ӯ боз аст,

Дорад ӯро тамоми дунё дӯст.

Муҳаммад Ғоиб,

Шоири халқии Тоҷикистон