10 апрел - Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ

Хизмати ҳарбӣ — мактаби матонату диловарӣ

№47 (3527) 09.04.2016

DSC_0393Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун қисми таркибии ВКД ва захираи  боэътимоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 10 апрели соли 1993 таъсис ёфтааст.

Мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният ва низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода, посбонӣ ва муҳофизати иншооти махсусан муҳим, иштирок намудан дар мубориза бар зидди терроризм аз вазифаҳои асосии он мебошад.

 

Боиси ифтихор аст, ки ҷузъу томҳои мақомоти мазкур вазифаҳояшонро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи омодабошии баланди ҷангӣ ба ҷо меоранд.

Хусусан дар омода кардану баргузории машқҳои ситодӣ,  муштарак бо ҷузъу томҳои давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб доранд. Ба фаъолияти қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ нозирони байналмилалӣ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ баҳои баланд додаанд.

DSC_0410Зимни шиносоӣ бо яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (командири он подполковник Суҳроб Рауфов) маълум гашт, ки барои хизмати афсарону  сарбозон тамоми  шароит фароҳам оварда шудааст. Дар суҳбат муовини командири қисми низомӣ оид ба тайёрии ҷангӣ подполковник Нурулло Забиров зикр кард, ки машғулиятҳо доир ба тайёрии ҷангӣ  ҳар рӯз дар асоси  Оинномаи ҳарбӣ ва барномаҳои  назариявию амалӣ доир  мегарданд.

Машғулиятҳо дар  синфхона, майдончаҳои  тактикию сафороӣ  мутобиқ бо талаботи технологияи муосир аз ҷониби афсарони ботаҷрибаю соҳибмаълумот гузаронда мешаванд. Машқҳои низомӣ  бештар дар шароити кӯҳсор баргузор  мегарданд. Дар ин қисми низомӣ ҷавонписарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ адои хизмат доранд. Давоми хизмат онҳо аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ обутоб  меёбанд, дарси матонату диловарӣ омӯхта, бо ҳам  робитаи дӯстӣ пайдо мекунанд. Онҳо техникаи  ҳозиразамони ҷангиро меомӯзанд, бо тарзи кор дар компютер ошно мешаванд. Дар майдонча ва толори варзишӣ мусобиқаҳои гуногун баргузор менамоянд. Барои ғанӣ гардондани  дастархони сарбозон аз имкониятҳои хоҷагии ёрирасони қисми низомӣ истифода бурда мешавад, ки қариб панҷ гектарро ташкил медиҳад ва бо системаи обёрии доимӣ таъмин аст.

Ҳайати  фармондеҳии қисми низомӣ бо волидайни хизматчиён робитаи доимӣ дорад. Ба унвони падару модарони  аскароне, ки дар хизмат рафтори намунавӣ доранд,  сипосномаи командири қисми низомӣ ирсол  мегардад. Инчунин, онҳо имкон доранд, ки дар қисми низомӣ бевосита ба шароити хизмати  фарзандони худ шинос гарданд. Чанде пеш як гурӯҳи волидон аз вилояти Суғд ба қисми низомӣ омада буданд.

-Имрӯзҳо тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати  баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ идома дорад. Дар қисми низомӣ барои қабули онҳо омодагии ҳамаҷониба гирифта шудааст, — гуфт дар  хотимаи суҳбат подполковник Нурулло Забиров.

Дар суратҳо: муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба тайёрии ҷангӣ подполковник Нурулло Забиров (аз чап дуюм) ва сардори шуъба оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Неъмат Мирзоев бо афсарони қисми низомӣ, майор Шодмон Абдулҳаев, майор Дилдор Раҳмонов ва капитан Суҳроб Холов оид ба  вазифаҳои навбатӣ суҳбат доранд, полковник Суҳроб Давлатов дар синфи  компютерӣ машғулият мегузаронад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ