Мусобиқаи байналмилалӣ

Муҳаммад Абдураҳмонов — ғолиби «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

Панҷуми октябри соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба гӯштии дзю-до баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарон аз дувоздаҳ кишвари дунё — Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Аз оғоз то анҷоми мусобиқа мушоҳида кардан мумкин буд, ки паҳлавонони тоҷик барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» саъю талоши зиёд мекарданд. Дар натиҷа «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» насиби паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов гардид. Мақоми дуюм ва сеюмро низ паҳлавонони тоҷик Зиёратшо Баротов, Саидҷалол Саидов ва варзишгари эронӣ Ҷавод Маҳзуб ишғол намуданд.

Натиҷаи ин мусобиқа, ки беш аз се соат идома ёфт, бори дигар собит намуд, ки дар ҳақиқат паҳлавонони тоҷик дар ин намуди гӯштӣ муваффақанд.

Раиси Федератсияи дзю-дои ҷумҳурӣ Нурулло Лоиқов иброз дошт, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ имсол ҳам дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Чунин мусобиқаҳо барои варзишгарон мактаби хуби таҷриба хоҳанд буд.

Дар фарҷоми мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мукофотҳои арзишманд супорида шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»