Варзиш

Муваффақияти варзишгари ҷавон

№50 (4470) 22.04.2022

Камарбанд Н.НизомовМуҳорибаҳои омехта дар ҷумҳурӣ як сол қаб­л ҳамчун навъи варзиш эътироф гардида бошад ҳам, варзишгарон аллакай муваффақияти зиёд ба даст овардаанд.

Яке аз онҳо донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Лутфулло Соҳибназарови нуздаҳсола аст, ки чанде қабл зимни мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаҳои омехта байни калонсолон дар шаҳри Учқурғони вилояти Намангони Ӯзбекистон ширкат варзида, соҳиби камарбанди ғолибият гардид. Дар мусобиқа, ки 25 — 26 феврали соли равон баргузор шуд, варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Лутфулло аввал варзишгарони қирғизу қазоқро шикаст дода, дар даври финалӣ бар варзишгари Ӯзбекистон Сардор Абдулманапов дастболо шуд.

Ӯ аз овони кӯдакӣ бо варзиш шуғл дош­та, аз шашсолагӣ бо тамрини гӯштини тарзи озод машғул аст. Дар 13-солагӣ мухлиси муҳорибаҳои Ҷон Ҷонси машҳур дар навъи муҳорибаҳои омехта гардида, тарки гӯштин намуд. Мураббии Лутфулло дар муҳорибаҳои варзишӣ Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Бахтиёр Турсунов аст. Бо роҳнамоӣ ва кумаки ӯ соли 2017 Лутфулло дар Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиуҷитсу, соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Қаҳрамони Осиё оид ба греблинг ва ҳамон сол бори дигар ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқис­тон оид ба ҷиуҷитсу гардид.

Айни ҳол Лутфулло Соҳибназаров ба мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта омодагӣ мегирад.

Н. ҷумъаев,

«Садои мардум»