Нақшаи даъват иҷро шуд

№165-166(3466-3467) 04.12.2015

Тибқи маълумоти раиси комиссияи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан Афзуналӣ Абдураҳмонзода нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон иҷро гардид. Дар маҷмӯъ 248 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.

- Дар иҷрои нақша саҳми масъулини деҳоти «Зарҳалол», «Ниҷонӣ», «Нофароҷ», «Ҷавкандак» ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои «Навобод», «Суғдиён», «Дӯстӣ», «Дилшод» калон аст. Сарварони ин деҳот ва маҳаллаҳои мазкур тавонистанд, ки шумораи ҷавонони синнашон ба хизмати даъватӣ мувофиқро аз нақшаи пешбинишуда зиёдтар ҷалб намоянд. Ҳамчунин дар иҷрои ин амал саҳми кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр ва масъулини шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, ки дар самти ривоҷу равнақ додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ саҳми муассир гузоштаанд, калон мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки шумораи ихтиёриён ба хизмати аскарӣ сол то сол афзоиш меёбад. Зиёда аз 70 нафари ба хизмати аскарӣ ҷалбшуда дар ин мавсим бо хоҳиши худ барои хизмат ба Ватан ҳозир шудаанд. Ғайр аз ин, дар байни наваскарон ду нафар ҷавононе ҳам ҳастанд, ки дар оила яккаписар буда, мувофиқи қонун аз хизмати ҳарбӣ озод карда шудаанд. Ин ҷавонони ватандӯст бо ризоияти падару модар хизмат кардан ба Ватанро аз ҳама гуна имтиёз авлотар донистанд, — гуфт Афзуналӣ Абдураҳмонзода.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»