Варзиш

Нахустин муҳорибаи варзишгари тоҷик дар UFC

№11 (4594) 10.01.2023

Нурулло АлиевБисту шашуми феврали соли равон аввалин муҳорибаи размовари шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар ташкилоти UFC баргузор мегардад. Он дар Лас-Вегаси Амрико сурат гирифта, ҳарифи варзишгари тоҷик Рафаэл Алвеси бразилиягист.

UFC аз ҷумлаи маъруфтарин ташкилотҳои варзишӣ ба ҳисоб рафта, аксари варзишгарони муҳорибаҳои омехта кӯшиш мекунанд, ки шартномаи онро ба даст оранд. Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта баъди пирӯзӣ дар сабқатҳои Dana White’s Contender Series (роҳ ба сӯи UFC) дар даври аввали рақобат тариқи нокаути техникӣ Ҷош Уикро мағлуб карда, роҳхат барои иштирок дар муҳорибаҳои асосиро ба даст овард.

Ҳамин тавр, варзишгари тоҷик бо ширкати UFC шартнома ба имзо расонда, аввалин размовари тоҷик дар ин ташкилот гардид.

Нурулло Алиев чанде пеш зимни мусоҳиба гуфт, ки дар Амрико тамрин карда истодааст ва ба ҳисоби миёна моҳе аз 8 то 10 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ мекунад.

Ҳамчунин, ӯ пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар ду соли оянда ё чемпиони UFC дар вазни сабук мешавад ва ё ҳадди ақал ба панҷгонаи беҳтарин шомил мегардад.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»