Ҷомишиносон ба Душанбе ташриф меоранд

№96 (3242) 15.08.2014

Дуюм ва сеюми октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 600-солагии шоири бузурги тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  Симпозиуми илмии байналмилалӣ баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Кумитаи тадорукоти ҷашни бузургдошти Ҷомӣ, Симпозиуми мазкур таҳти унвони «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ» доир гашта, дар он як зумра олимон, донишмандон, ходимони марказҳои илмию таҳқиқотӣ, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва алоқамандони осори шоир аз тамоми кишварҳои дунё даъват мешаванд. Ин ҳамоиши илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ- форсӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Дар Симпозиум ҳунари шоирии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойгоҳи «Баҳористон» дар адабиёти тоҷикӣ -форсӣ, мактаби адабӣ ва забону сабки осори ӯ, тарҷумаи осори ин адиби барҷаста ба забонҳои дигар, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Тавре сардори шуъбаи илм ва таълими Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бурҳон Сайфуддинов дар суҳбат бо мо иброз дошт, дар назар аст, ки рӯзҳои баргузории Симпозиуми илмии байналмилалӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз эҷодиёти шоир барои меҳмонон консерти ҷашнӣ баргузор гардад.

Илова бар ин, вазорат тасмим гирифтааст, ки якчанд асари шоирро нашр намояд. Аз ҷумла, чанде пеш асари панду ахлоқии Ҷомӣ бо номи «Баҳористон» аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Адиб» бо теъдоди ду ҳазор нусха дастраси хонандагон гардид. Асари мазкур аз гаронмоятарин осори тарбиявӣ-ахлоқии адабиёти ҷаҳону форсизабонон буда, бештар аз 500 сол мешавад, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаву атвори писандидаи инсоният ҳиссаи сазовор мегузорад.

«Баҳористон» фарогири андешаҳои ҳикматомезу ибратбахш буда, аз ҳаёти сӯфиёну шайхон, ҳокимон, лашкаркашон, амалҳои хайр, саховатмандӣ, дӯстиву вафодорӣ, зулму бедодгарии шоҳон қисса мекунад. Инчунин достони ишқии «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ дар арафаи чоп аст.

Б.Сайфуддинов иброз дошт, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов «Рисолаи мусиқӣ»-и А. Ҷомиро бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ барои чоп омода карда истодаанд.

Ҳамзамон рӯзҳои 3 ва 4 ноябри соли равон бахшида ба 600-солагии мавлуди шоир ва файласуфи барҷаста Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат мегирад. Ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиш, пеш аз ҳама, мусоидати ҳар чӣ бештар дар пажӯҳиши рӯзгору осори шоир, афкор ва андешаҳои адабиву ирфонӣ, фалсафиву ахлоқӣ, баррасии авзои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву илмӣ ва адабии асри Ҷомӣ, нусхашиносӣ, тарҷума ва нашри осори адиб ва амсоли инҳо мебошад.

Дар охир сардори шуъбаи илм ва таълими Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бурҳон Сайфуддинов афзуд, ки тибқи нақша дар доираи ҷашни 600-солагии А.Ҷомӣ дар муассисаҳои зерсохтори вазорат чорабиниҳои гуногун, аз қабили конфронсҳои илмию амалӣ, семинар, мизҳои мудаввар, шабнишинӣ ва баргузории консерту озмунҳо идома дорад.

Хайрулло Шарипов, «Садои мардум»