Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 2 миллиард доллар зарур аст

№59 (3696) 27.05.2017

chistaya-vodaБисту сеюми майи соли ҷорӣ бо ибтикори «Барномаи ҳамкорӣ бо масоили об»-и Бонки ҷаҳонӣ ва созмони бритониёии «Oxfam» дар мавзӯи «Ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар бахши таъмини об ва санитария» форум баргузор гардид, ки дар он 110 нафар аз кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Мақсади баргузории онро масъулин  табодули таҷриба байни мутахассисони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба об ёдовар шуда, гуфт, ки таъмини аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт лоиҳаҳои гуногун амалӣ шуданд.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Тағоймурод Исломзода зикр кард,  ки барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ дар даҳ соли охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар зиёда аз 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ сарф шудааст.

- Оянда ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷаҳонӣ зичтар ба роҳ монда, ҳаракат мекунем, ки аҳолии кишварро пурра бо оби ошомиданӣ таъмин намоем, — гуфт номбурда.

Бино ба гуфти Тағоймурод Исломзода, мушкили асосии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» паст будани тарифҳои хизматрасонӣ мебошад. Зеро арзиши хизматрасонии як кубометр оби ошомиданӣ 2,3 сомониро ташкил дода, нархи муайяншуда барои ҷамъоварӣ аз аҳолӣ 88 дирам мебошад.

Айни замон 57,6 фоизи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ дошта, барои пурра таъмин намудани шаҳрвандон бо ин неъмати бебаҳо зиёда аз 2 миллиард доллари ИМА зарур аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»