Шарҳи қонун

Муқовимат бо савдои одамон тақвият меёбад

№148 (3294) 10.12.2014

Савдои одамон зуҳуроти хавфнок дар фаъолияти ҷинояткории муташаккилона маҳсуб ёфта, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин рӯ, мубориза ба муқобили онро давлатҳо дар доираи санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва миллӣ ба роҳ мондаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон» ба ин мақсад мебошад. Суҳбати мо бо прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Абдуғаффор Ғафуров доир ба татбиқи қонуни мазкур сурат гирифт.

 - Мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур аз чӣ иборат аст ва аз қонуни қаблӣ чӣ фарқият дорад?

- Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромарзӣ (трансмиллӣ) буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллӣ ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии давлатҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст. Бо мақсади пешгирии ин зуҳуроти хавфнок 15 ноябри соли 2000 Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он, ки иловаи Конвенсияи мазкур мебошад, қабул гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин зуҳуротро яке аз падидаҳои номатлуби тамаддуни муосир ҳисобида, асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди онро муқаррар намудааст. Айни замон дар Тоҷикистон низоми устувори ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон амал мекунад. Асоси муҳиму ҳуқуқии он, пеш аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Моддаи 5-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ муайян намуда, муқаррар кардааст, ки онҳо аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешаванд.

Яке аз иқдомҳои муҳиму амалӣ дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» (15 июни соли 2004) буд. Қонуни мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ шаҳодат медиҳад, ки ҷинояткорон бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз ҷазо мунтазам тарз ва механизмҳои нави содиркунии ин намуди ҷиноятро дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, зарурати такмили меъёри қонунҳо вобаста ба вазъи бамиёномада ва таҷрибаи пайдогардида баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон пеш омадааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон» бо ин мақсад таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Қонуни мазкур аз 26 июли соли 2014 мавриди амал қарор дорад.

Вазифаҳои қонуни мазкур аз фароҳам овардани маҷмӯи кафолатҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва мурофиавии самараноки ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат, аз ҳама шаклҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд, фароҳам овардани асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла чораҳои вобаста ба расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ, барқарор ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, равона намудани онҳо ба муҳити муътадили иҷтимоӣ ва амсоли он иборат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки қонуни амалкунанда аз қонуни қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Баробари ивази номи қонун, ҳамчунон ба он як қатор мафҳумҳои нав ворид карда шудааст. Қобили зикр аст, ки истилоҳи «қурбонии савдои одамон» бори аввал дар матни қонуни мазкур истифода шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» (аз 15 июни соли 2004) истилоҳи «ҷабрдида»-и хариду фурӯш мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар адабиёти ҳуқуқӣ ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани истилоҳи «ҷабрдида», пеш аз ҳама, симои шахсе пеши назар меояд, ки ба ӯ зарари ҷисмонӣ, моддӣ, маънавӣ расонида шуда ё ҳуқуқу манфиатҳояш зери таҳдиди бевоситаи сӯиқасд ба ҷиноят қарор гирифтааст, ҳол он ки чунин ҳолат танҳо мавриди амалӣ намудани таъқиботи ҷиноятӣ аз рӯйи парвандаи мушаххас имконпазир мегардад.

- Кадом субъектҳо бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ мегардонанд?

- Қонуни мазкур субъектони марбутаро ба ду гурӯҳ — субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд ва субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ҷудо намудааст.

Ба субъектҳои давлатӣ мақомоти прокуратура, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, ба сифати субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон вазоратҳои адлия, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ муқаррар шудаанд.

Қонун муқаррар мекунад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки ин субъектҳо ва ташкили ҳамкории онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои ҳудудӣ таъсис дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад, қонуни зикршуда муқаррар намудааст, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он амалӣ карда мешавад.

- Дар кадом ҳолат мақоми ҳуқуқӣ ба қурбонии савдои одамон дода мешавад?

- Қонуни номбурда муқаррар менамояд, ки шахсони аз тарафи савдогарони одамон бо мақсади савдо мавриди маҷбуркунӣ, суиистифодаи боварӣ, фиреб, суиистифодаи гунаҳкор аз вазъи хизматиаш қарор гирифтаанд, инчунин шахсони бо сабаби дар вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизӣ қарордошта, сарфи назар аз дарки ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон, пешакӣ барои истисмор розигии худро додаанд, қурбониёни савдои одамон эътироф карда мешаванд.

Дар як вақт қонун як қатор ҳолатҳоеро муқаррар намудааст, ки сарфи назар аз мавҷудияти онҳо (ба амсоли доштан ё надоштани мақоми шаҳрвандӣ, додани розигии шахс ба ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, фурӯш, истисмори ӯ, омода будан ё набудани шахс барои ҳамкорӣ кардан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраҳо) шахс ба ҳайси қурбонии савдои одамон эътироф карда мешавад.

- Савдои одамон чӣ тавр пешгирӣ карда мешавад ва тартиби амалӣ гардонидани кумак ба ҷабрдидагон чӣ гуна сурат мегирад?

- Дар қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ки бо мақсади расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода мешавад. Ин муассисаҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо паноҳгоҳ барои истиқомати муваққатӣ, либос, хӯрока ва воситаҳои санитарию беҳдоштӣ, тарҷумон, кумаки ройгони тахассусии равонӣ таъмин намоянд, тарзу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашонро фаҳмонанд, барои ба оила ва ҷамъият баргардонидану ҷустуҷӯйи хешовандонашон мусоидат кунанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ якчанд марказҳои дастгирӣ ва кумак ба ҷабрдидагони савдои одамон таъсис дода шудааст.

- Барои ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои даст доштан ба ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ мешавад?

- Ҷавобгарии шахс вобаста ба кирдори содирнамудаи ӯ муайян мешавад. Тибқи талаботи қонуни номбурда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон алоқамандӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии граждании ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

- Маълум аст, ки доир ба ин мавзӯъ дар воситаҳои ахбори омма дар ҳар шакл маводҳои зиёд ба табъ мерасанд. Дар кадом маврид баромадҳои воситаҳои ахбори омма хилофи қонун дониста шуда, сабабгори ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад?

- Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ё ҳолатҳои  ҷиноятҳои нисбат ба онҳо содиршуда, ки ифшои он ба ҳаёт ё саломатии қурбонии савдои одамон ё наздикони ӯ хатарро ба вуҷуд меорад, манъ аст. Инчунин маълумот дар бораи чораҳои амниятии нисбат ба онҳо татбиқшаванда набояд паҳн шавад. Ғайриқонунӣ паҳн намудани чунин маълумот боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд дар хабарҳо ва маводи паҳншаванда маълумотеро, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти қурбонии савдои одамон дахл дорад, бе розигии ӯ, нисбат ба кӯдак бошад, бе розигии худи кӯдак, намояндаи қонунии вай ва мақомоти васояту парасторӣ ифшо намоянд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»