«Сил бемории ирсӣ нест!»

№ 29.08.2018

IMG_0966Ҷемма Юсуфҷонова чун табиби силшинос аз соли 1971 ба фаъолият пардохта, самти асосии кори табобатиаш сили кӯдакон мебошад. Номзади илми тиб, духтури дараҷаи олист.  Суҳбате, ки бо ў доштем, бемории сил дар байни кӯдакон ва роҳҳои пешгирии он буд.   

- Ҷемма Маҳмадҷоновна, роҷеъ ба бемории сил ва оқибатҳои он байни атфол чӣ андеша доред? Сил воқеан ҳам бемории хавфнок аст? 

- Бале, дар сурати ба табобат фаро нагирифтан ва саркашӣ намудан аз муолиҷа маризии сил барои калонсолон ва ҳам барои хурдсолон бемории хеле хавфноку хатарзо буда, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Вале бояд иқрор шуд, ки роҳи муолиҷаи он дарёфт шудааст ва метавон ба пуррагӣ бо истифода аз антибиотикҳои зиддисилӣ табобат ёфт. Дар сурати пинҳон доштани нишонаҳои беморӣ ва дар шароити хона бо усулҳои худтабобаткунӣ фаро гирифтани шахси мариз, ки аксаран дар ин ҳолат ҳатто ба ҳалокат расидани бемор аз эҳтимол дур буда наметавонад. Чунин рафтор боиси сироятёбии хонавода ва атрофиён шуданаш мумкин аст

 - Оё гирифторшавии ҳар нафар ба бемории сил эҳтимолият дорад, бахусус кӯдакон чӣ гуна сироят меёбанд?

- Инсон бо роҳи нафаскашӣ ва қатравӣ аз бемории сил сироят меёбад. Ҳар нафари гирифтори маризи сил, ки давраи аввали беморӣ, яъне ҳафтаҳои нахустини касалиро мегузаронад, метавонад атрофиёнро сироят намояд. Зеро дар ин давраҳо бемор тариқи сулфа ва балғам хориҷкунандаи микобактерияи Кох мебошад. Агар бемор аз респиратор истифода накунад, имкони сироят ёфтани атрофиёнаш зиёдтар аст. Аз ин хотир, эҳтимолияти сироятёбии ҳар нафари дар алоқабуда бо гирифторони ин намуди беморӣ мавҷуд мебошад. Кӯдакон низ бо чунин тарз сироят меёбанд. Вале мутаассифона, бо авҷ гирифтани беморӣ дар хонавода, ки бевосита аз беаҳамиятӣ байни ҳамдигар сироят меёбанд, дар миёни мардум шубҳаи беасос ва ҳатто доғгузорӣ ба вуҷуд меояд. Яъне, «фалон хонавода ё авлод силкасаланд». Лекин мутахассисон ва онҳое, ки бештар бо омма наздикӣ доранд, бахусус муллоимомҳо, ки мардум ба онҳо эътиқоди зиёд доранд, бояд ба аҳли ҷомеа дар бораи ирсӣ набудани бемории сил ва табобатшаванда будани он фаҳмонанд.

- Аксаран нишонаи бемориҳои роҳҳои нафас ба аломатҳои хоси маризи сил монанд мебошад, хусусан дар кӯдакон бештар ин ҳолат эҳсос мешавад. Яъне, ҳарорати баланди бадан, сулфа, бемадорӣ Чӣ гуна метавон нишонаҳоро зуд дар кӯдакон мушаххас кард?

- Дар калонсолон бо ташхиси флюорографӣ бемории сил ошкор мегардад ва дар хурдсолон бо роҳи гузаронидани ташхиси туберкулинӣ. Баъдан, муроҷиат ба духтури оилавӣ бо падид омадани аломатҳои беморӣ, ба мисоли арақкунӣ, ҳангоми сулфа хориҷ кардани хуну балғам ва ғайра. Воқеан, аксаран кӯдакон зуд-зуд ба бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд ва волидон дар ҳолати вазнин ба духтур муроҷиат мекунанд ё аломатҳои бемории силро табиб саривақт дар кӯдак мушаххас намекунад. Бештари кӯдакон гирифтори сили аввалиндараҷа мешаванд ва аслан тибқи омор 50 фисадашон гирифтори сили узвҳои ғайришушӣ мегарданд. Сили лимфағадудҳо сирояткунанда ё ба истилоҳ гузаранда нест, чунки онҳо хориҷкунандаи микобактерияҳо намебошанд. Онҳо ба атрофиён зараровар ҳам нестанд. Бояд гуфт, ки гирифторони сили устухон, сили лимфағадудҳои дохили қафаси сина, ғадудҳои канорӣ, сили шакли милиарӣ бо нишонаҳои хоси сили шуш, ки байни аҳолӣ маъмул аст, бештари вақт дучор намешаванд. Аз ин хотир, табибони оилавӣ ба кӯдакони бемор бояд аҳамияти хоса диҳанд. Таърихи эпидемиологии беморро хуб омӯзанд ва манбаи сироятёбиро ҳар чӣ тезтар ошкор намоянд, яъне бо беморони сил алоқамандӣ доштан ё надоштани кӯдакро муайян созанд.

- Гузаронидани ташхиси туберкулинӣ барои кӯдакон муҳим аст?

- Гузаронидани ташхиси туберкулинӣ аслан барои муайян кардани сироят аз бемории сил истифода мешавад. Агар қутри аксуламали ҷавобӣ 5 мл зиёд бошад, эҳтимолияти беморӣ дар буня вуҷуд дорад. Тибқи нишондод бояд кӯдакон соле як маротиба аз ташхиси туберкулинӣ гузаронда шаванд. Барои нафароне, ки оилаашон бо гирифторони бемории сил дар тамос мебошанд, ҳар шаш моҳ чунин ташхис гузаронида мешавад. Ҳамчунин, волидон метавонанд, ки бо хоҳиш фарзандонро аз ташхиси туберкулинӣ гузаронанд. Мутаассифона, айни ҳол дар ҷумҳурӣ имкони ройгони аз ташхиси туберкулинӣ гузаронидани ҳамаи кӯдакон фароҳам нест. Зеро лоиҳаҳое, ки барои амалисозии барномаи ҳимояи аҳолӣ аз сил пешниҳод шудаанд, танҳо барои табобати беморони сил масраф мешаванд. Албатта, маблағи муайяне барои гузаронидани ташхиси туберкулинӣ ҳаст, вале он ҳам фақат барои оилаҳои гирифторони бемории сил масраф мешавад.

 - Ба волидон чӣ тавсия медиҳед?

       - Дар таҷрибаи корӣ бо волидоне вохӯрдам, ки бо шунидани натиҷаи ташхиси кӯдак аз тамғагузории ҳаққу ҳамсоя ва хешовандонашон табобати фарзандонро ба таъхир гузоштаанд. Аммо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз оқибати беморӣ ва бовар кунондан аз шифо ёфтани кӯдакон онҳоро ба табобат ҷалб намуда, ба дарди фарзандашон даво ёфтем. Ҳамдигарфаҳмӣ миёни пизишку соҳибони бемор имкони ҳар чӣ тезтар шифо ёфтани маризро фароҳам меорад. Воқеан, бояд иқрор шуд, ки вуҷуд доштани тамғагузорӣ миёни мардум яке аз сабабҳои норасоии мутахассисони силшинос дар тибби имрӯза гаштааст. Аксари силшиносон ба синни нафақа расидаанд ва мебоист аз донишу малака ва таҷрибаи корашон ба хотири беҳдошти солимии аҳолӣ истифода намуд. Барои саривақт табобат ёфтану пешгирӣ кардан аз бемории сил бояд шахси бемор аз маслиҳатҳои табибон сар напечад ва ҳамеша бо онҳо дар тамос бошад.

Мусоҳиб Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО