Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Хуросон

№47 (3997) 27.04.2019

24 апрели соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот, аз ҷумла, майдони Парчам, Нишони давлатӣ ва бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Хуросон ширкат варзид.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати 0,32 гектар аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 1 миллиону 74 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Баландии Нишони давлатӣ ба 24 ва Парчам ба 47 метр баробар аст. Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

- Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 4 ҳазор дона гули виола, 4820 дона питуня, беш аз 1200 дона тагат, 400 ниҳоли садбарг, ҳамчунин, бутта ва дарахтони ороишии «Магнолия», нахлу сарв, санавбари маҳаллӣ ва қримӣ, юка ва серенаи ҳиндӣ шинонда шудааст, — гуфт Муҳаммад Азизуллоев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия. Дар атрофи майдону гулгашт 19 фурӯзонак низ насб гардидааст.

Бинои маъмурии Маркази адлия бошад, дуошёна буда, аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст ва аз нуҳ утоқи корӣ, ду бойгонӣ, як ҳуҷраи эҳтиётӣ, се айвон иборат аст. Масоҳати он 360 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Роҳравҳо сафолакпӯш гардонда, атрофи бино бо гулу дарахтони зебо ва фурӯзонакҳо оро дода шудаанд.

Б. Фаромӯз, рӯзноманигор